Дар 6 моҳ беш аз 30 корманди ВКД даст ба фасод задаанд

Дар шаш моҳи соли равон 33 корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар 16 ҳолат даст ба фасод задаанд. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Номбурда дар нишасти матбуотии ВКД, имрӯз, 8-уми август, гуфт, нисбати онҳо 33 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд. Вале ӯ нагуфт, ки баъдан […]

Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли равон 33 корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар 16 ҳолат даст ба фасод задаанд. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда дар нишасти матбуотии ВКД, имрӯз, 8-уми август, гуфт, нисбати онҳо 33 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд.

Вале ӯ нагуфт, ки баъдан онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандолни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Аз ҷумла, моҳи июни соли равон аз додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шуд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2023  бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кард. Он 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистони ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи давлатҳое чун Бурунди, Чад, Ҷазираҳои Комор, Конго, Мянма ва Судон дар ҷойи 162-юм қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.