“Шаҳри бехатар” ба буҷет 16 млн сомонӣ ворид кард

Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби 84,8 ҳазор қоидавайронкунии роҳу нақлиёт тавассути “Шаҳри бехатар” 16 млн сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Номбурда дар нишасти матбуотии 8-уми август гуфт, тавассути “Шаҳри бехатар” дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ 6 ҳазору 293 ҳолати вайрон […]

Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби 84,8 ҳазор қоидавайронкунии роҳу нақлиёт тавассути “Шаҳри бехатар” 16 млн сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда дар нишасти матбуотии 8-уми август гуфт, тавассути “Шаҳри бехатар” дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ 6 ҳазору 293 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ муайн ва ошкор шудааст.

Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешавад.

Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

ВКД сари чанд вақт феҳристи ронандагонеро нашр мекунад, ки бештар аз ҳама қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути дастгоҳҳои сабти “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд, аммо ҷаримаҳоро пардохт накардаанд.

Аз ҷумла, бори охир моҳи августи соли гузашта, ин ниҳод исми 12 ронандаро нашр кард, ки аз 10 то 50 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.

Он замони ВКД гуфт, “вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд”.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.

Ҳадафи он, “таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ дар роҳҳо ба таври шабонарузӣ” мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб карда шуд. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳам дар ояндаи наздик дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” насб карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио