Кумитаи андоз калонтарин қарздоронро номбар кард

То 1 июли соли ҷорӣ маблағи қарз андоз дар Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 113 млн доллар)-ро ташкил дода, аз оғози сол 392,5 млн сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2024 Кумитаи андоз 10,5 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То 1 июли соли ҷорӣ маблағи қарз андоз дар Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 113 млн доллар)-ро ташкил дода, аз оғози сол 392,5 млн сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2024 Кумитаи андоз 10,5 ҳазор ҳолатҳои қонуншиканӣ дар пардохти андозро ошкор карда, маблағи умумии ҷаримаҳо 188 млн сомониро ташкил додааст.

Сабабҳои афзоши қарзҳо саривақт пардохт нашудани фоизҳо барои риоя накардани муҳлати пардохти андозҳо, ҳамасола зиёд шудани қарзи корхонаҳои давдатӣ ва дигар омилҳо унвон шуданд.

Давлатзода калонтарин қарздорон аз пардохти андозро номбар кард, ки аз нисфи зиёди қарз ба онҳо рост меояд. Инҳо корхонаҳои зерин мебошанд:

– ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 220 млн сомонӣ;

– ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» – 189 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 96 млн сомонӣ;

– ширкати «ТАЛКО Ресурс» – 78 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – 76 млн сомонӣ;

– кони ангишти «Зидди» – 22 млн сомонӣ;

– ҶСК «Алюминсохтмон» – 20 млн сомонӣ.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, имсол дар мавриди маҷбурӣ ситонидани андозҳо ба маблағи 740 млн сомонӣ нисбати қарздорон қарорҳо қабул шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.