Ном ба ном. “Шаҳри бехатар” рӯйхати қоидавайронкунҳоро интишор кард

Вазорати корҳои дохилӣ феҳристи ронандагонеро расонаӣ кард, ки бештар аз ҳама қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути дастгоҳҳои сабти “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд, аммо ҷаримаҳоро пардохт накардаанд. Ба гуфтаи ВКД, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ феҳристи ронандагонеро расонаӣ кард, ки бештар аз ҳама қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути дастгоҳҳои сабти “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд, аммо ҷаримаҳоро пардохт накардаанд.

Ба гуфтаи ВКД, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.

Рӯйхати қоидавайронкунҳои ашаддӣ, ки “Шаҳри бехатар” сабт кардааст, аз 12 ном иборат мебошад.

“Пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди пойтахт ва қойдавайронкуниҳо дар қиёс ба солҳои пеш кам гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз омилу сабабҳое дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷой доранд, ки аз ҳар кадоми мо – иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маърифати баланди ҳуқуқӣ ва одобу муносибати шаҳрнишинро тақозо менамояд”, – менависад манбаъ.

ВКД ва “Шаҳри бехатар” аз ҳамаи шаҳрвандон, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, садамаҳои нақлиётиро пешгирӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб карда шуд ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳам дар ояндаи наздик дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” насб карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.