CММ: Толибон 200 мансабдори собиқро бидуни ҳукми додгоҳ қатл кардаанд

Дафтари мусоидат ба Афғонистони СММ (МООНСА) ҳадди ақалл 218 ҳолати қатли собиқ мансабдорон ва низомиёнро бидуни ҳукми додгоҳ пас аз сари қудрат омадани Толибон* ба қайд гирифтааст. Изҳороти марбута дар ин бора дар сомонаи Созмон нашр шудааст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Толибон барои собиқ мансабдорони ҳукумат ва хидматчиёни ҳарбии Неруҳои миллии мудофиа […]

Дафтари мусоидат ба Афғонистони СММ (МООНСА) ҳадди ақалл 218 ҳолати қатли собиқ мансабдорон ва низомиёнро бидуни ҳукми додгоҳ пас аз сари қудрат омадани Толибон* ба қайд гирифтааст. Изҳороти марбута дар ин бора дар сомонаи Созмон нашр шудааст.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Толибон барои собиқ мансабдорони ҳукумат ва хидматчиёни ҳарбии Неруҳои миллии мудофиа ва амнияти ин кишвар авфи умумӣ эълон карда буд.

Бино ба маълумоти СММ, толибон собиқ кормандони пулис, низомиён, инчунин кормандони Раёсати амнияти миллии Афғонистонро таъқиб карда, дар аксарияти мавридҳо онҳоро ба ҳабс мегирфтанд ва сипас мекуштанд. Бархеро ба самти номаълум бурда, қатл мекарданд. СММ зиёда аз 800 ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳои инсонро нисбат ба мухолифони сиёсии “Толибон” ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.

Дар суҳбатҳои аз ҷониби МООНСА гузаронидашуда шахсони ҷудогона дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ва кирдори бераҳмона аз ҷониби кормандони неруҳои амнияти Афғонистон ҳикоят кардаанд. Дар баъзе ҳолатҳо бедаракшудагон то ҳол ёфт нашудаанд. Собиқ сардори зиндони занонаи Ҳирот Алия Азизӣ рӯзи 2 октябри соли 2021 пас аз кор ба хона барнагаштааст. То 22 августи соли 2022 макони будубоши ӯ то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

То имрӯз кӯшишҳои мақомот барои тафтиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ҳодисаҳои дар гузориш тавсифшуда хеле маҳдуданд. Ҳатто дар чанд мавридҳои алоҳида, ки аз ҷониби мақомот тафтишот эълон шудааст, пешравӣ ва ҳисбот дида намешавад; беҷазоӣ ҳукмфармост.

Намояндаи Раёсати ҳуқуқи башари СММ Ҷереми Лоуренс зимни як брифинг дар Женева гуфтааст, Толибон аз 15 августи соли 2021 то 30 июни соли 2023 ҳадди ақалл 144 амали шиканҷа ва 424 ҳабси худсарона анҷом додаанд, ки асосан алайҳи кормандони собиқи ҳарбӣ будааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.