Дар Тоҷикистон то ҳол ҳар 5-ум киловатт неруи барқ талаф меёбад

Сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон тайи соли охир каме коҳиш ёфта, лекин ҳоло ҳам ҳар 5-ум киловатти он талаф меёбад. Мувофиқи маълумоти ширкатҳои электроэнергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафоти неруи барқ дар нимсолаи аввал 2 млрд 203,2 млн киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки ба 21,3%-и неруи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ (10 млрд 366,9 млн кВт/соат) баробар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон тайи соли охир каме коҳиш ёфта, лекин ҳоло ҳам ҳар 5-ум киловатти он талаф меёбад.

Мувофиқи маълумоти ширкатҳои электроэнергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафоти неруи барқ дар нимсолаи аввал 2 млрд 203,2 млн киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки ба 21,3%-и неруи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ (10 млрд 366,9 млн кВт/соат) баробар аст.

Талафот ҳангоми истеҳсол ва интиқоли барқ, ки энергетикҳо онро ба талафоти техникӣ мансуб медонанд, начандон зиёд аст – мутаносибан – 0,44% (35,3 млн кВт*с) ва 3,35% (350,2 млн кВт*с). Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳандаҳо 0,48% ва 3,47%-ро ташкил медоданд.

Пас аз бозсозии сохтори энергохолдинг ҶСК “Барқи тоҷик” ба истеҳсоли неруи барқ ва ба интиқоли он то нуқтаҳои тақсимот ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” машғул мебошанд.

Неруи барқ ҳангоми тақсимоти он дар ҳаҷми зиёд талаф меёбад. Ба ин кор ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” машғул аст. Ин талафот ба талафоти тиҷоратӣ, яъне дуздиҳо мансуб аст.

Бино ба маълумоти ин ширкат, дар нимсолаи аввал зиёда аз 1 млрд 817,7 млн кВи*-/соат ё худ 20,09%-и барқи дастрасшуда талаф ёфтааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 250,2 млн кВт/соат ё худ 2,59% камтар мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон изҳор намуд, ки талафоти неруи барқ дар соли 2013 зиёда аз 4 млрд киловатт-соатро ташкил додааст ва ба ҳудуди 20%-и истеҳсоли соли гузашта баробар аст.

“Агар мо инро пешгирӣ кунем, неруи барқ ба ҳама кофӣ хоҳад буд”, – гуфт ӯ.

Тибқи арзёбии коршиносони мустақил, сарфи назар аз баргузории чорабиниҳои гуногун бо хароҷот миллионҳо маблағ, сатҳи талафоти неруи барқ дар кишвар воқеъан ҳам хеле баланд аст. Илова бар ин, бархе аз мутахассисон мегӯянд, сатҳи ҳақиқии талафот дар асл ду баробар зиёдтар буда, зиёда аз 40%-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.