Роҳбарони соҳаи радио ва телевизони Осиёи Марказӣ таъсиси телевизони ягона дар минтақаро баррасӣ карданд

Роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои ВАО-и кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Остонаи Қазоқистон масъалаи боз кардани телевизони умумӣ ва фазои ягонаи расонаӣ барои минтақаро баррасӣ карданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад. Манбаъ навиштааст, ки ин машварат дар доираи таҳкими ҳамкорӣ ва рушди фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ баргузор гардид […]

Asia-Plus

Роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои ВАО-и кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Остонаи Қазоқистон масъалаи боз кардани телевизони умумӣ ва фазои ягонаи расонаӣ барои минтақаро баррасӣ карданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки ин машварат дар доираи таҳкими ҳамкорӣ ва рушди фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ баргузор гардид ва иштирокчиён зарфияти чунин лоиҳа дар минтақаро баланд арзёбӣ карда, намояндагони ҷонибҳо гуфтаанд,, ки татбиқи ин ташаббус метавонад воситаи пуриқтидоре барои таҳкими амнияти иттилоотии минтақа ва инчунин майдоне барои тавсеаи мубодилаи фарҳангӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Тавре таъкид шуд, чунин қадамҳо имкон медиҳанд, ки талошҳо барои таҳкими амнияти иттилоотӣ ва пешбурди мубодилаи фарҳангӣ муттаҳид карда шаванд.

Дар мулоқот, муовини аввали Дилшод Саидҷонов, директори Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қанат Искаков, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон, Нуриддин Саид, раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аннасахет Какаев, муовини раиси кумитаи давлатии Туркманистон оид ба телевизион, радио ва кинематография механизмҳои татбиқи лоиҳаро муфассал баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони кишварҳо чораҳои баланд бардоштани саводнокии расонаӣ ва мубориза бо паҳншавии иттилооти бардурӯғро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки барои муқовимат бо даъватҳои глобалӣ дар соҳаи ВАО талошҳои муштарак зарур аст.

Намояндагони мақомотҳои ваколатдор дар соҳаи иттилоот омодагии кишварҳои худро барои иштирок дар раванди ҳамгироӣ дар соҳаи ВАО изҳор карданд.

Дар натиҷаи мулоқот итминон дода шуд, ки талошҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ташкили сохторҳои расонаии минтақавӣ ва рушди онҳо саҳми назаррас дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа хоҳанд шуд.

Ин бори аввал нест, ки чанд кишвар якҷоя ё дар дохили созмонҳои алоҳида мехоҳанд, ки телевизиони ягона ташкил кунанд.

Қаблан, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тасмим дошт, ки телевизион ва пойгоҳи ягонаи иттилоотии созмон таъсис диҳад.

“Мо тасмим гирифтем, ки як канали ягонаи телевизионии СҲШ ва портали СҲШ-ро таъсис диҳем. Онҳо ба ҳамаи забонҳои кишварҳои СҲШ фаъолият хоҳанд кард ва бо пешбурди ғояҳо ва технологияҳои соҳибкорони мо машғул хоҳанд шуд”,-гуфта буд вакили думаи Давлаии Русия Андрей Свинсов он замон.

Вале то ҳол ин телевизион ва пойгоҳ сохта нашудааст.

Ҳамчунин, тақрибан 20 сол пештар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мехостанд, ки як телевизиони форсизабони муштарак таъсис диҳанд. Вале бо сабабҳои гуногун он амалӣ нашуд. Ҳарчанд коршиносон сабаби амалӣ нашудани онро масоили сиёсӣ медонанд, вале мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба гуфта буданд, ки сабаби таъсис нашудани он мушкилоти техникӣ ва ба як мувофиқа наомадани тарафҳо аст.

Ягона телевизионе, ки дар доираи як созмон ташкил шудаву фаъолият дорад, Телевизиони “Мир” аст. Он дар доираи ИДМ таъсис ёфта, фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио