Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд

То 1 апрели соли 2025 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 101 млн долларро ташкил дод, ки 87 млн доллар ё худ 2,7% камтар дар муқоиса бо аввали сол аст. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ маълумот додааст. Қисмати асосии қарз (95,6%) ба қарзи давлатӣ рост омада, боз 4,4% уҳдадориҳо бо кафолати давлатӣ мебошанд. Қарздиҳандаи асосӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 апрели соли 2025 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 млрд 101 млн долларро ташкил дод, ки 87 млн доллар ё худ 2,7% камтар дар муқоиса бо аввали сол аст. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ маълумот додааст.

Қисмати асосии қарз (95,6%) ба қарзи давлатӣ рост омада, боз 4,4% уҳдадориҳо бо кафолати давлатӣ мебошанд.

Қарздиҳандаи асосӣ бо ҳудуди 1 млрд доллар Чин боқӣ мемонад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, инчунин Бонки аврупоии таҷдиду рушд маблағҳои назаррас қарздор аст.

Қарз аз рӯйи евробондҳо ба маблағи 500 млн евро, ки соли 2017 барои маблағгузорӣ ба сохтмони НБО “Роғун” ҷаоб шуда буд, низ пардохтношуда боқӣ мемонад.

Дар буҷети соли 2025 барои хидматрасонӣ ва пардохти қарзи беруна ҳудуди 4 млрд сомонӣ (тақрибан 385 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст, ки зиёда аз 3 млрд сомонии он ба пардохти қарзи асосӣ ва ҳудуди 1 млрд сомониаш – ба пардохти фоизҳо рост меояд.

Боз 1,4 млрд сомонӣ (ҳудуди 135 млн доллар)-и иловагӣ бояд аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ, ки бо кафолати ҳукумат қарз гирифтаанд, пардохт мешавад.

Дар назар аст, ки соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи беруна пас аз тасдиқи созишномаҳо дар бораи қарзҳои нав аз мададрасонони хориҷӣ зиёд мешавад.

Дар паёми ахири президенти Тоҷикистон ба парлумон зикр шуд, ки барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҷалби зиёда аз 33 млрд сомонӣ (3 млрд доллар) аз шарикони рушд, бо шумули 20,5 млрд сомонӣ (1,9 млрд доллар) қарзҳои имтиёзнок ва 12,5 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,1 млрд доллар) грантҳо  ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.