Дар Тоҷикистон конҳои бузурги ниобий ва тантал кашф шуданд

Дар водии Рашти Тоҷикистон конҳои фулузот (металлҳо)-и нодир – элементҳои кимиёвии ниобий ва тантал кашф шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Илҳом Оймуҳаммадзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ оид ба азхудкунии конҳои фулузоти нодир корҳо ҷараён доранд. Аз ҷумла дар қисмати Марказӣ ва Ҷанубу Шарқии кишвар корҳои пешакии […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар водии Рашти Тоҷикистон конҳои фулузот (металлҳо)-и нодир – элементҳои кимиёвии ниобий ва тантал кашф шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Илҳом Оймуҳаммадзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ оид ба азхудкунии конҳои фулузоти нодир корҳо ҷараён доранд. Аз ҷумла дар қисмати Марказӣ ва Ҷанубу Шарқии кишвар корҳои пешакии иктишофӣ гузаронида шуда, дар онҳо захираҳои назарраси фулузоти нодир ошкор шудааст.

Дар водии Рашт геологҳо 125 намунаи озмоиш аз конҳои Назарайлоқ ва Ёсуманро мавриди таҳлил қарор дода, фулузоти нодир аз қабили ниобий ва танталро ошкор карданд.

Соли гузашта ин ниҳод хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон 15 майдони зуҳуроти фулузоти нодир, аз ҷумла литий, тантал, ниобий ва дигар таркибҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ошкор шудааст. Ин конҳо дар минтақазҳои душворгузари шарқи кишвар, аз ҷумла Қарасӯ, Ағбасой, Пайрон ва Рохшиф ҷойгир шудаанд. Имрӯз таҳқиқот идома дошта, оянда аз афзоиши захираҳои фулузоти нодир интизорӣ меравад, ки барои саноати истихроҷи кӯҳии кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Оймаҳаммадзода ҳамчунин хабар дод, ки дар кони Саримардии Нав як танаи маъдан бо таркиби 0,96 г/т тилло ошкор шудааст, ки ба дурнамои хуб доштани он ишора мекунад. Илова бар ин, дар майдонҳои маъдани Лайлакӯл ва Сангибек се аномалияи мусбат ба қайд гирифта шудааст, ки имконоти таҳқиқоти минбаъда ва коркарди ин конҳоро тасдиқ мекунад. Ин маълумот барои таъсиси корхонаҳои нав дар саноати кӯҳкорӣ ва афзоиши истихроҷи фулузоти гаронбаҳо дар Тоҷикистон асос шуда метавонад.

Минтақаҳои асосии фулузоти гаронбаҳо

Тоҷикистон аз захираҳои назарраси фулузоти нодир бархӯрдор аст, ки фаъолона аз ҷониби геологҳо таҳқиқ мешаванд. Оймуҳаммадзода зикр кард, ки ду минтақаи калидии кишвар – Тоҷикистони Марказӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойҳои асосӣ барои ҷустуҷӯ ва азхудкунии фулузоти нодир мебошанд.

Минтақаи марказӣ дар маркази кишвар ҷойгир буда, аз силсилакӯҳҳои Зарафшон ва Қаротегин иборат аст. Дар ин ҷо, аз ҷумла дар Қарасӯ, Ағбасой, Пайрон ва дигар маконҳо таҳқиқоти майдонҳои пегматитӣ сурат гирифта, дар онҳо фулузоти нодир аз қабили тантал, ниобий, литий ва қалъагӣ ошкор шудааст.

Минтақаи Ҷанубу шарқ силсилакӯҳҳои Шуғнону Ишкошим ва Вахонро фаро гирифта, дар ин мавзеъҳо низ майдони пегматитӣ таҳқиқ мешаванд, ки дар онҳо тантал, ниобий, литий, рубидий ва дигар фулузоти нодири муҳим барои соҳаҳои техгнологияи баланд ба мушоҳида мерасанд.

Захираҳои пешгӯишаванда

Дар доираи Барномаи давлатии омӯзиш ва баҳодиҳии захираҳои фулузоти нодир барои солҳои 2016-2026, баргузории корҳои ҷустуҷӯ ва баҳодиҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи барнома, захираҳои пешгӯишавандаи тантал ва ниобий дар Тоҷикистон ба якчанд майдонҳо тақсим мешаванд. Яке аз майдонҳои бузургтарин Назарайлоқ мебошад, ки захираҳои пешгӯишавандаи тантал ва ниобий дар он садҳо ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.

Ба ҷуз тантал ва ниобий, дар Тоҷикистон дигар захираҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, аз ҷумла бериллий, тсезий, литий, қалъагӣ,  ва дигар фулузоти нодир мавҷуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.