Имзои қариб 30 созишнома ба маблағи $3 млрд дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии “Dushanbe Invest–2025”

Дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" ба маблағи умумии зиёда аз 3 млрд доллар 26 созишнома ба имзо расидааст, хабар медиҳад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон. Ба иттилои ин ниҳод, санадҳои имзошуда "ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии иқтисод" равона шудаанд. Самтҳои асосии сармоягузорӣ: Энергетика – 5 […]

Asia-Plus

Дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" ба маблағи умумии зиёда аз 3 млрд доллар 26 созишнома ба имзо расидааст, хабар медиҳад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳод, санадҳои имзошуда "ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии иқтисод" равона шудаанд.

Самтҳои асосии сармоягузорӣ:

Энергетика – 5 созишнома ба маблағи 2,5 млрд доллар;

Саноат – 9 созишнома ба маблағи 386 млн доллар;

Алоқа ва рақамисозӣ – 8 созишнома ба маблағи 334 млн доллар;

Шарикии давлат ба бахши хусусӣ – 4 созишнома ба маблағи 8,9 млн доллар.

 

Чӣ гуна созишномаҳо?

Дар рӯзи аввали форуми "Dushanbe Invest–2025" Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ 8 созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расонид.

Ин санадҳо ба самтҳои рушди рақамисозии иқтисод, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.

Яке аз созишномаҳои калидӣ шартномаи литсензионӣ бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) маҳсуб меёбад, ки тибқи он Тоҷикистон ба шабакаи интернети ҷаҳонии моҳворавӣ дастрасӣ пайдо мекунад.

Ҳамчунин дар доираи кори форум Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо ширкатҳои байнулмилалӣ се протокол ва ду ёддошт имзо кард.

Дар ин санадҳо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои маърифатӣ дар бахши энергетика пешбинӣ шудааст.

Созишномаҳо ба таҳкими амнияти энергетикӣ ва рушди манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия равона шудаанд.

Ҳамоиши дар "Кохи Ваҳдат" то 16 октябр идома ёфта, платформаи калидии минтақавӣ ҷиҳати пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва табдили рақамӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Дар кори форум зиёда аз 1 ҳазор нафар, намояндагони ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои пешрафта, муассисаҳои молиявӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ аз кишварҳои Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна ширкат доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.