Интернети моҳворавӣ дар Тоҷикистон. Хадамоти алоқа бо ширкати “Starlink” созишнома имзо кардааст

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар доираи ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025", бо чанд ширкати байналмилалӣ 8 созишномаи ба имзо расониданд. Яке аз онҳо бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) аст, ки тибқи он Тоҷикистон ба шабакаи интернети ҷаҳонии моҳворавӣ дастрасӣ пайдо мекунад.  Ба гуфтаи ин ниҳод, ин санадҳо ба самтҳои рушди рақамикунии иқтисодиёт, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ […]

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар доираи ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025", бо чанд ширкати байналмилалӣ 8 созишномаи ба имзо расониданд. Яке аз онҳо бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) аст, ки тибқи он Тоҷикистон ба шабакаи интернети ҷаҳонии моҳворавӣ дастрасӣ пайдо мекунад. 

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин санадҳо ба самтҳои рушди рақамикунии иқтисодиёт, инфрасохтори интернетӣ, технологияи 5G, маорифи рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ рабт доранд.

Ҳамчунин, миёни Хадамоти алоқа, “Сбербанк”-и Русия ва Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои рақамии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум барои таъсиси мактаби барномасозии “Мактаб 21” (Школа 21) ба имзо расид.

Дар соҳаи алоқаи байнулмилалӣ ширкати “Тоҷиктелеком”, "Pakistan Telecommunication Company Limited" (PTCL) ва "Afghan Wireless Communication Company" (AWCC) дар бораи ворид кардани трафики интернет тавассути Покистон созишномаи тиҷоратӣ ба тасвиб расониданд.

Дар чаҳорчӯби кори форум, байни Хдаамоти алоқаи ва ҳамаи операторони мобилӣ ("Индиго Тоҷикистон", "ТТ Мобайл", "Вавилон М", "Таком" ва "Тоҷиктелеком") доир ба таъсиси консорсиуми миллии 5G Ёддошти тафоҳум имзо шуд.

Ҳамчунин бо ширкатҳои "Eutelsat Group", "Huawei Technologies Tajikistan" ва "ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG"-и Олмон бобати ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи моҳвораӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъсис Маркази миллии радиомониоринг дар Тоҷикистон ба маблағи 15 млн евро ёддоштҳои тафоҳум ва протоколҳо ба имзо расиданд.

Байни Хадамоти алоқа ва Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахши рақамисозӣ ва инноватсияҳо созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Имзои ин санадҳо "қадами калидӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернетӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ миёни Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ" арзёбӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.