95% бадани сӯхта: марде назди бинои Раёсати молияи Кӯлоб худро оташ зад

Субҳи барвақти рӯзи 6 июн соҳиби нонвойхонае назди Раёсати молияи Кӯлоб худро аввал корд зада, баъдан ба сараш сӯзишворӣ мерезад ва оташ мезанад. Ба гуфти табибон, Зариф Абдуллоевро соат 6:30 дақиқаи саҳар бо захми корд дар шикам ва осори сӯхтаи пӯсташ ба беморхона овардаанд. Муовини сартабиби беморхонаи вилояти дар шаҳри Кӯлоб Саиданвар Исмоилов дар як […]

Сайраҳмон Назриев, Азия-Плюс

Субҳи барвақти рӯзи 6 июн соҳиби нонвойхонае назди Раёсати молияи Кӯлоб худро аввал корд зада, баъдан ба сараш сӯзишворӣ мерезад ва оташ мезанад.

Ба гуфти табибон, Зариф Абдуллоевро соат 6:30 дақиқаи саҳар бо захми корд дар шикам ва осори сӯхтаи пӯсташ ба беморхона овардаанд.

Муовини сартабиби беморхонаи вилояти дар шаҳри Кӯлоб Саиданвар Исмоилов дар як тамоси телефонӣ гуфт, вазъи Зариф Абдуллоев вазнин арзёбӣ мешавад.

"Зариф Абдуллоевро саҳарӣ соати 6:30 дақиқа оварданд. Азбаски аз шикамаш захми корд хӯрда буд, хунравии дарунӣ дошт. Ҳамзамон пӯсти ӯ 95 фоиз сӯхтааст. Мо ӯро ҷарроҳӣ ва хунравиро манъ кардем. Ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ таҳти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад", – мегӯяд муовини сартабиб.

Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ ин хабарро тасдиқ кард.

"Субҳ ба ман аз ҳодисаи рухдода хабар доданд. Айни ҳол ман дар роҳ сӯи Кӯлоб рафта истодаам. Ҳоло намедонам бо чӣ мақсад ин нафар худро назди Раёсати молия оташ задааст. Танҳо ҳаминашро медонам, ки Зариф Абдуллоев коргоҳи нонпазӣ дорад", – гуфт Бахтиёр Назарзода.

Дар РВКД дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд ва сабабҳои суиқасд ба ҷони худро аз тарафи Зариф Абдуллоев месанҷанд. “Ҳоло барвақт аст шарҳ додани сабабҳои ҳодиса”, – гуфтанд дар РВКД.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои ба ин амал даст задани Зариф Абдуллоев гуфтааст, ду моҳ пеш ӯ муфлис мешавад ва Раёсати молия пуле, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнамегардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.