Толиб Аёмбеков дар Хоруғ дар пайи як даргирӣ захмӣ шудааст

Яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ Толиб Аёмбеков дар ҷараёни як даргирии гурӯҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло”-и шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст. Яке аз наздикони Аёмбеков ба “Азия плюс” гуфт, ки ҳодиса шаби 5 сентябри соли равон рух дод ва ҳангоми муноқиша дар тӯй нафаре бо ашёи сахти вазнин ба сари Толиб Айёмбеков задааст, ки дар натиҷа, ӯ […]

Asia-Plus

Яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ Толиб Аёмбеков дар ҷараёни як даргирии гурӯҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло”-и шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст.

Яке аз наздикони Аёмбеков ба “Азия плюс” гуфт, ки ҳодиса шаби 5 сентябри соли равон рух дод ва ҳангоми муноқиша дар тӯй нафаре бо ашёи сахти вазнин ба сари Толиб Айёмбеков задааст, ки дар натиҷа, ӯ ҷароҳати вазнин бардошт.

Гуфта мешавад, ки задухӯрд миёни як гурӯҳи ҷавонони эҳтимолан маҳаллаи Тирчид ва писару ҷияни Айёмбеков рух додааст.

Манбаъи мо гуфт, ки дар аввал ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқиша ва халалдор нашудани тӯй ин ҷавононро аз тарабхона бароварданд, вале пас аз чанде онҳо либосҳояшонро иваз карда, дубора баргаштанд ва бо хешовандони Айёмбеков ба задухӯрд шурӯъ карданд. Вақте худи Айёмбеков ба ҷанг дахолат карда, ҷавононро аз ҳам ҷудо карданӣ шуд, касе аз қафо бо як ашёи сахти вазнин ба сараш зад.

– Зарба хеле сахт буд ва ӯро фавран ба беморхона бурданд. Табибон мегӯянд, ҷароҳат вазнин аст, аммо ба ҳаёт таҳдид намекунад. Писараш дар наздаш аст, мегӯяд, ҳолати падараш мӯътадил аст. Ӯ ҳушёр аст, сӯҳбат мекунад ва худро беҳтар ҳис мекунад ”, – гуфт манбаъи “Азия-плюс”.

Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ аст. Моҳи июли соли 2012 исми Толиб Аёмбеков дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ вилояти Бадахшон вирди забонҳо шуд. Мақомот бо талаби супурдани қотилони генерал Назаров амалиёти густардаеро дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни он аз ду тараф беш аз 40 нафар кушта шуд. Дар ниҳоят, байни тарафҳо оташбас ба имзо расид ва бародари Толиб Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ҳамчун гумонбарони асосии қатли Абдулло Назаров ба мақомот супурданд.

Додгоҳ баъдан онҳоро ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард. Бори дигар номи Толиб Аёмбеков тирамоҳи соли 2018 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар қатори чанд лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон ба ҳузури мақомот даъват шуд ва бо онҳо протоколеро имзо карданд, ки тибқи он, лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон уҳдадор мешуданд, силоҳҳои худро супурда, аз он ба баъд бо риояи қонун зиндагӣ кунанд ва даст ба нооромӣ назананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.