Сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Хуҷанд

Шоми 21 октябр дар қаламрави бозори масолеҳи сохтмонии "Баракат"- и Хуҷанд сӯхтор сар задааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ВКД Тоҷикистон хабар дод, оташ тақрибан 850 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Қарибиҳои фарорасии шаб оташ хомӯш карда шудааст. Сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зиёни расида аз он ҳоло маълум нест. Ба иттилои манбаъ дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шоми 21 октябр дар қаламрави бозори масолеҳи сохтмонии "Баракат"- и Хуҷанд сӯхтор сар задааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ВКД Тоҷикистон хабар дод, оташ тақрибан 850 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Қарибиҳои фарорасии шаб оташ хомӯш карда шудааст.

Сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зиёни расида аз он ҳоло маълум нест.

Ба иттилои манбаъ дар ВКД, аз сӯхтор дар бозор касе осеб надидааст.

Дар навори видео  дида мешавад, ки қисмати зиёди бозор дар ҳоли сӯхтан аст.

https://www.youtube.com/watch?v=CDWUguexXus

Қобили зикр аст, ки бозори “Баракат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар наздикии гардиши шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом дар гардиши роҳ ба Қайрокққум (Гулистон) воқеъ аст. Паҳлӯи он бозори яклухтфурӯшии “Сомон” ҷойгир мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.