Дар Иркутск сокинони маҳаллӣ вагони муҳоҷирони тоҷикро оташ заданд

Дар вилояти Иркутски Русия  бар асари аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ задани вагон ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуд. Шоми 12 ноябр дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск байни ду сокини маҳаллӣ ва чанде аз коргарон, ки дар яке аз иншооти сохтмон кор мекарданд, муноқиша рух медиҳад, хабар медиҳад Интерфакс. “Баъдан ҷанҷолу лату кӯби дастаҷамъона сурат гирифта, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар вилояти Иркутски Русия  бар асари аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ задани вагон ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуд.

Шоми 12 ноябр дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск байни ду сокини маҳаллӣ ва чанде аз коргарон, ки дар яке аз иншооти сохтмон кор мекарданд, муноқиша рух медиҳад, хабар медиҳад Интерфакс.

“Баъдан ҷанҷолу лату кӯби дастаҷамъона сурат гирифта, сокинони маҳаллӣ вагончаи сохтмониро оташ задаанд. Дар натиҷа ду коргар ҳалок шуда, боз панҷ нафари дигар бо захми сӯхтаву ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар Кумитаи тафтишоти минтақа аз рӯи ин далел бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаҳо ҷазои ҳабси то абад пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи худ дар Facebook хабар медиҳад, ки ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, 13 ноябри соли ҷорӣ кормандони сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.

“Ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия то ниҳояти ҳалли он ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад”, – таъкид мешавад дар хабари сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.