Ҷузъиёти ҳодиса: садамае, ки дар он Дамирбек Олимов ҳалок шуд, дар гардиши хатарноке рух додааст

Сабабҳои садамаи нақлиёт, ки бар асари он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимови 33-сола ҳалок шуд, пас аз баргузор намудани таҳқиқоти дахлдор маълум мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов. Бино ба гуфтаи вай, айни замон ҳамаи маълумоте, ки пешниҳод мегардад, пешакӣ аст. “Тибқи маълумоти пешакӣ, Дамирбек Олимов, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сабабҳои садамаи нақлиёт, ки бар асари он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимови 33-сола ҳалок шуд, пас аз баргузор намудани таҳқиқоти дахлдор маълум мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов.

Бино ба гуфтаи вай, айни замон ҳамаи маълумоте, ки пешниҳод мегардад, пешакӣ аст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, Дамирбек Олимов, ки автомашинаи Honda 5-ро идора мекард, рӯзи 5 феврал тақрибан соати 01:40-и шаб ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Сомғор-Хуҷанд” дар мавзеи Боғи миллии “Ваҳдат” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин чаппа мешавад”, – гуфт ӯ.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки садама шояд ҳангоми ҳаракат дар гардиши хатарноки дар ин роҳ ҷойдошта рух дода бошад.

Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини бардошта Дамирбек Олимов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Як манбаи наздик ба сароянда ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки пеш аз садама Олимов дар як тӯй дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштааст. Дар мошин ҳамроҳи ӯ ду мусиқачӣ ҳам будаанд, ки бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҷасади Дамирбек Олимов рӯзи 5 феврал дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқ дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба хок супурда шуд.

Соли гузашта Дамирбек Олимов ба меҳмонии радиои “Азия-Плюс” омада, бо ровӣ Орзуи Исо ҳамсуҳбат шуда, ҳикоят карда буд, ки чӣ гуна як занги телефонии Нигина Амонқулова ҳаёташро тағйир дода буд.

Дамирбек Олимови 33-сола яке аз сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик буд. Ӯ 20 марти 1989  дар ноҳияи Деваштич дар оилаи овозхон Ботурҷон Олимов таваллуд шудаааст.

Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1995-2004 дар донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дониш андӯхта, онро хатм кардааст. Фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» бо раҳбарии Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов оғоз кардааст. Ҳамчунин дар дастаи «Садои Суғд» низ кор мекард.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд, 2 писару 1 духтар буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.