Сӯхтор дар мактаби деҳаи Кулканди Исфара

Субҳи имрӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки ҳодиса пеш аз […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Субҳи имрӯз, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт. Дар ин бора Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ҳодиса пеш аз оғози дарсҳо рух додааст ва касе зарар надидааст.

“Ҳоло сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида таҳқиқ карда мешавад”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Дилором Атобоева, директори мактаби мазкур зимни суҳбат бо “Asia-Plus” таъкид намуд, ки “соати 5:22 посбони мактаб занг зада аз сар зани сухтор хабар додааст”.

“Дар мактаб 440 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба онҳо 35 нафар омӯзгор дарс медиҳанд ва 10 нафар ҳайати хоҷагидорӣ мебошанд”, – гуфт Дилором Атобоева.

Муноҷот Увайсова, роҳбари созмони хонандагони мактаби мазкур гуфт, ки “дар пайи сӯхтор ду тарафи долони мактаб сӯхтааст”.

Дар ҳоле, ки мақомот аз таҳқиқи сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида иттилоъ медиҳанд, Муноҷон Увайсова зикр мекунад, ки “хатмкардаҳои ин муассиса, муҳоҷирон ва сокинони ҷамоат  сарҷамъона масолеҳи сохтмонӣ датрас карда, алакай ба бартарафкуниии зарар пардохтаанд”.

“То бегоҳии имрӯз, 8-уми декабр, зарари аз сӯхтор расида пурра бартараф шуда, аз пагоҳ дарс мисли рӯзҳои муқаррарӣ ба роҳ монда мешавад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми 8-рӯзи моҳи декабр ин 9-умин ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Суғд ба ҳисб меравад. Панҷ рӯз қабл, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.