Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия марзи 3 ҳазорро убур кард

Теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи маргбори рӯзи душанбе, 6-уми феврал, дар Туркия ва Сурия, ба беш аз се ҳазор нафар расид. Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи заминларзаҳо танҳо дар Туркия беш аз 2921 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 15834 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад ҳудуди 5606 бино тахриб шудааст. Дар Сурия бошад теъдоди қурбониён беш […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи маргбори рӯзи душанбе, 6-уми феврал, дар Туркия ва Сурия, ба беш аз се ҳазор нафар расид.

Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи заминларзаҳо танҳо дар Туркия беш аз 2921 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 15834 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад ҳудуди 5606 бино тахриб шудааст.

Дар Сурия бошад теъдоди қурбониён беш аз 960 нафар гуфта мешавад.

Расонаҳои туркӣ дар бораи наҷоти беш аз 7,8 ҳазор нафар аз зери харобаҳо хабар медиҳанд. Ба иттилои Routers, сардии ҳаво талошҳо барои ёфтани бозмондагон дар зери харобаҳоро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар пай ин ҳодисаи маргбор як ҳафтаро мотами умумимиллӣ эълон кардааст.

Ин заминларза бо шиддати 7.8 балл манотиқи ҷанубу шарқи Туркия ва шимоли Сурияро такон дод. Баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз заминларзаи дигаре бо шиддати 7.5 бал рух дод, ки омори қурбониёнро беш аз ҳадд боло бурд.

Дар ҳамин ҳол Эрдуғон гуфтааст, ки аз 45 кишвар ҷаҳон барои кумак ба осебдидагон пешниҳод гирифтааст. Кишварҳои зиёд, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон наҷотдиҳандагони худро ба Туркия фиристодаанд.

Бояд гуфт, ки ин омор ниҳоӣ нест ва теъдоди он рӯ ба афзоиш аст.

Ёдовар мешавем, ки заминларзаи дирӯз (7,7 балл) пурқувваттарин заминларза дар таърихи Туркия аз соли 1939 буд.

Он замон қариб 33 ҳазор нафар фавтида, ҳудуди 100 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.