Заур Дахте дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дӯстону наздикони марҳум ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Дар мошине, ки ӯ идора мекард ҳамсар ва фарзандаш ҳам буданд, ки онҳо ҷон ба саломат бурданд. Мошини онҳо роҳи Душанбе Чаноқ (дар минтақаи Варзоб) ба мошини […]

Asia-Plus

Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора дӯстону наздикони марҳум ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Дар мошине, ки ӯ идора мекард ҳамсар ва фарзандаш ҳам буданд, ки онҳо ҷон ба саломат бурданд.

Мошини онҳо роҳи Душанбе Чаноқ (дар минтақаи Варзоб) ба мошини боркаш бархӯрдааст. Гуфта мешавад, Заур Дахте ҳамроҳи пайвандони хеш аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат доштааст, ки дар километрии 33-ум ба мошини боркаш (газкашон) бархӯрдааст.

Ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва тафсилот дертар ироа мешавад.

Яке аз пайвандони марҳум гуфт, ки ҷаноза пагоҳ, 16-уми август соати 12:00 дар кӯчаи Нусратулло Махсум 73/3 баргузор мешавад.

 

Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик

Заур Дахте яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги ду асри охир маҳсуб шуда, дар хориҷа ҳам маъруфият дорад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ кардааст. То синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил намудааст.

Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи “Тоҷикфилм” ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи “Тоҷикфилм” мешинохтанд.

Рисолаи дипломии ӯ филми кӯтоҳи ҳунарии “Лола” буд, ки бар асоси достони ҳамноме аз Содиқ Ҳидоят, нависандаи фақиди эронӣ сохта шудааст. Пас аз ин филм, ӯ ба унвони филмбардор ва таҳиягар шуҳрат пайдо кард. Соли 1968 ӯ филми ҳунарии “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”-ро филмбардорӣ кард. Сипас, силсилаи филмҳои “Чор нафар аз Чорсанг” (дар ду қисмат, дар таҳияи М.Қосимова), “Паланг зарур аст” (дар таҳияи Б. Арабов), “Шераки ҷасур” (дар таҳияи М. Маҳмудов)-ро филмбардорӣ кард.

Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳои сохти “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар сохти ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.

Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Дар даҳаи 1970 ва 1980 Заур Дахте борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ кард. Сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷасаммаи Буддоро филмбардорӣ карда, ки ҳоло дар музеи мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз аст.

Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шуарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тилоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.

Аккосӣ низ ҳунари дигари ӯст. Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд.

Пас аз баргузории муваффақонаи намоиши аксҳои Заур Дахте дар Русия ва Фаронса, Ҳукумати Тоҷикистон заҳамоти ӯро бо медали “Хидмати шоиста” қадр кард. Соли 2011 Заур Дахте барандаи унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд.

Аҳли эъҷоди Гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus" ба пайвандони аксбардору наворбардори шинохтаи тоҷик ҳардардии амиқи худро баён карда, барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.