Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент

Як хонандаи синфи 2 аз деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб дар деҳаи Марғедари ин шаҳр бар асари садамаи нақлиёт ҷон бохтааст. Ӯ бинобар набудани мактаб дар деҳаи зисташ, ба деҳаи ҳамсоя, ки 8 километр дуртар аз хонашон будааст, рафта дарс мехондааст. Ҳодиса дирӯз, 30-юми октябр рух дода, дар ин […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Як хонандаи синфи 2 аз деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ҳангоми бозгашт аз мактаб дар деҳаи Марғедари ин шаҳр бар асари садамаи нақлиёт ҷон бохтааст. Ӯ бинобар набудани мактаб дар деҳаи зисташ, ба деҳаи ҳамсоя, ки 8 километр дуртар аз хонашон будааст, рафта дарс мехондааст.

Ҳодиса дирӯз, 30-юми октябр рух дода, дар ин бора Холиқназар Ҷумъаев, журналист ва нависандаи тоҷик, ки ҳамзамон сокини ин деҳаи Бӯстон мебошад, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Ӯ навиштааст, ки Тарона Ниёззода, сокини деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии Панҷакент, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 53-и деҳаи Марғедар, таҳсил мекард, ҳангоми бозгашт аз мактаб қурбони садамаи нақлиётӣ шуд. Ҳодиса тақрибан соати 16.40 дар ҳудуди деҳаи Марғедар 400 м дуртар аз мактаб рух дода, номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ғафуров Фахриддин, директори мактаби №53 воқеаро тасдиқ карда гуфт, дар деҳаи Бӯстон мактаб нест ва  фарзандони сокинон дар мактабҳои ҳамсоядеҳа таҳсил мекунанд.

Директори ин мактаб гуфт, ҳанӯз соли 2010 Ҳукумати шаҳри Панҷакент қарор бароварда буд, ки дар деҳаи Бӯстон мактаби дорои 6 синфхона сохта шавад.

Ба гуфтаи ӯ, қарори ҳукумати вилояти Суғд низ ҳаст, вале қарори ҷумҳурӣ нест, бинобар ин то ҳол ин ваъда иҷро нашудааст.

Бобо Солеҳзода, сухангӯи шаҳрдори Панҷакент ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, воқеан дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки 27 сол пеш таъсис ёфтааст, мактаб нест.

Шаҳрдорӣ тафсилоти ваъдаи сохтани мактабро дар ин деҳа шарҳ надод.

Деҳаи Бӯстон тақрибан 400 хонандаи мактаб дошта, наздик ба 300 нафари онҳо дар мактаби деҳаи Марғедар ва боқимонда дар ҳамсоядеҳаҳои дигар – Гулистон, Ғазза ва Шашқат таҳсил мекардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.