Ҷасади зани 30-солаи тоҷикро, ки дар Русия кушта шуд, ба ватан оварда, ба хок супориданд

Дирӯз, 7-уми октябри соли равон ҷасади Ҷамилаи Нурзоди 30-сола, як сокини шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро, ки дар Маскав кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, ба хок супоридаанд. Дар куштори ин зан як шаҳрванди Русия муттаҳам аст. Радиои Озодӣ менависад, ки гумонбар Владимир Упадишев, сокини 49-солаи шаҳри Головинскии Маскав буда, додгоҳ рӯзи 6-уми октябр қарори ҳабси пешакии ӯро […]

Asia-Plus

Дирӯз, 7-уми октябри соли равон ҷасади Ҷамилаи Нурзоди 30-сола, як сокини шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро, ки дар Маскав кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, ба хок супоридаанд. Дар куштори ин зан як шаҳрванди Русия муттаҳам аст.

Радиои Озодӣ менависад, ки гумонбар Владимир Упадишев, сокини 49-солаи шаҳри Головинскии Маскав буда, додгоҳ рӯзи 6-уми октябр қарори ҳабси пешакии ӯро содир кардааст. Ӯ ҳоло дар боздошт аст.

“Тибқи фарзияи тафтишот, ин мард рӯзи 21-уми сентябри имсол Ҷамила Нурзоди 30-соларо, ки дар ошхонае кор мекард, барои тамиз кардани манзили зисташ киро кардааст. Зан ифлосии хонаро дида, аз тоза кардани он даст мекашад, вале ин мард ба ғазаб омада ба руй ва бадани ӯ бо печтоб ё отвёртка зарба мезанад. Вақте Ҷамила беҳуш мешавад, Упадишев барои руйпуш кардани ҷинояташ хонаро оташ задаву дарро баста гурехтааст”, – менависад ин расона.

Ба навиштаи манбаъ, ҳамсояҳо чун дудро мебинанд, ба сӯхторнишонон хабар медиҳанд. Ҷамила Нурзодро ба шифохона мебаранд ва ӯ онҷо вафот мекунад.

Онҳое, ки Ҷамиларо мешинохтаанд, ба ин расона гуфтаанд, “муноқиша ва муқовимат байни ӯ ва ин мард баъди он сар задааст, ки Упадишев мехостааст, ба номуси зан дастдарозӣ кунад”.

Назари худи гумонбар ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳом маълум нест.

Гуфта мешавад, ки Ҷамила Нурзод сокини шаҳри Ваҳдат буда, як писари хурдсолаш дар кишвар будааст. Ӯ дар Маскав муҳоҷир буда, дар ошхонае кор мекард.

Бояд гуфт, ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нест. Соли 2022 Далер Бобиев, як кӯдаки 5-солаи тоҷик аз дасти парастори худ, ки шаҳрванди Русия буд, бо бераҳмии махсус кушта шуд, ки ҷасадашро баъди ним сол аз дохили халтае дар ҷойи мошинҳо пайдо карданд.

Ҳамчунин, ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола вокуниши густурдае дар пай дошт. Ӯ рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуда, як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Пас аз панҷ оли мурофиаҳои додгоҳӣ, соли 2023 Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад. Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити” чунин равиш батадриҷ афзуда, фишор рӯйи муҳоҷирон ва қонунҳои муҳоҷират сангин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.