Ҳалокати 5 кас дар пайи ду ҳамла дар марз бо Афғонистон. Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳои мусаллаҳона ба Тоҷикистонро маҳкум кард

Дар як ҳафтаи охир дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба манотиқи марзии Тоҷикистон 5 кас ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин омор дар як машварати кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар, ки имрӯз, 1-уми декабр гузашт, зикр шудааст. Хадамоти матбуотии президенти кишвар менависад, ки дар […]

Asia-Plus

Дар як ҳафтаи охир дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба манотиқи марзии Тоҷикистон 5 кас ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин омор дар як машварати кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар, ки имрӯз, 1-уми декабр гузашт, зикр шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар менависад, ки дар вохӯрӣ, ки роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар  ширкат доштанд, вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.

“Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”, навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

 

Ҳамлаи дуввум ва марги ду роҳсози Чин

Машварати кории раисҷумҳур дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи охир ду хабари ҳамла аз Афғонистон ба манотиқи марзии Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки дар пайи он дастикам 5 шаҳрванди Чин, ки ба истихроҷи маъдан ва роҳсозӣ машғул буданд, кушта шуданд.

Аз ҷумла, тибқи иттилои Радиои Озодӣ ҳамлаи дуввум дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз шоми дирӯз, 30-юми ноябр дар ҳудуди деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ин ноҳия рух додааст. Ба сӯи онҳо бо силоҳи сабук тирпарронӣ шудааст.

“Ҳодиса тақрибан вақти шом замоне рух додааст, ки коргарони чинӣ дар яке аз галлерия ё туннелҳои хурд дар роҳи навбунёди Қалъаихум-Ванҷ-марзи Рӯшон, машғули кор буданд”, – навиштааст ин расона.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади ду роҳсози чинӣ дар беморхонаи ноҳияи Дарвоз буда, баъди интиқол ба Душанбе фиристода мешавад.

Хабаргузории “Afghanistan International” навиштааст, ки “гӯё дар ин ҳамла нерӯҳои сарҳадии Толибон, ки аз дигар ҷойҳо ба Моймай оварда шуда буданд, даст доштаанд”.

Ҳамлаи якумро рӯзи 27-уми ноябр ВКХ Тоҷикистон расонаӣ кард ва гуфт, ҳамла ба бошишгоҳи коргарони корхонаи “Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ҶДММ "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.

ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.

Пас аз як рӯз ВКХ-и Толибон* ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.

Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на "Толибон" аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.

Пештар аз ин, Эрон ва Покистон ҳам ин ҳамларо маҳкум карда буданд.

 

Чин аз Тоҷикистон хост ин ҳодисаро таҳқиқ кунанд

Дар ҳамин ҳол, дар пайи ҳамлаи якум, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон берун оянд. Хабаргузории “Рейтерз” дар такя ба сафорати Чин дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, Чин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳодисаро пурра таҳқиқ кунанд.

Тафсилоти бештари ҳодисаро дар ин матлаб мутолиа кунед: “Барои эҷодӣ бесуботӣ ҳамла шудааст”. Вокуниши Толибон ба ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.