Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбар боздошт шуда, аз ӯ 46 баста маводи мухаддир мусодира шудааст. Се ҳамроҳи ӯ ба самти Афғонистон фирор кардаанд. Ба навиштаи маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки АМИТ “Ховар” нашр кардааст, ҳодиса 10-уми феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 […]

Asia-Plus

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбар боздошт шуда, аз ӯ 46 баста маводи мухаддир мусодира шудааст. Се ҳамроҳи ӯ ба самти Афғонистон фирор кардаанд.

Ба навиштаи маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки АМИТ “Ховар” нашр кардааст, ҳодиса 10-уми феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии “Дарқади”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рух додааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, “4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд”.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ карда шуд. Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ҳамчунин, ба навиштаи Кӯшунҳои сарҳадӣ, аз ҷойи ҳодиса 2 камераи резинӣ дарёфт шудааст, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳадӣ давлатӣ аз он истифода бурдаанд.

Аммо ба се узви “гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд”.

Дар робита ба ин ҳодаса, КДАМ бо моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот мебарад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки пештар аз ин нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон (КДАМ) аз пешгирии як сарҳадшикании “5 қочоқбари афғон”, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, хабар дода, гуфт, ки дар пайи “муқовимати мусаллаҳона” бо онҳо се қочоқбар кушта шуда, ду тани дигар ба Афғонистон фирор кардаанд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар умум, ба иттилои Зафар Самад, раиси Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон миёни мақомоти тоҷик ва қочоқбарони афғонистонӣ 17 (соли 2024 – 6) задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа 10 (2024 – 3) шаҳрванди Афғонистон ва 2 марзбони тоҷик (кормандони КДАМ) кушта шудаанд.

Ҳамчунин, соли гузашта 9 шаҳрванди Афғонистон аз суи мақомоти тоҷик барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 мақомоти тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир мусодира кардаанд. Манбаъ афзуд, ки аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти марзи Афғонистон бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.