Эътирофи беамалӣ дар тафтиши марги Умаралӣ Назаров

– Суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард, –   хабар медиҳад «Новая газета». Адвокатҳои ҷабрдидагон дар ин бора ба суд шикоят бурда, судя муайян кардааст, ки муфаттиш Александр Ожиганов ва роҳбарони ӯ ҷабрдидагон ва ҷониби ҳимояи онҳоро дар бораи дароз кардани […]

ASIA-Plus



– Суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард, –  


хабар медиҳад


«Новая газета».

Адвокатҳои ҷабрдидагон дар ин бора ба суд шикоят бурда, судя муайян кардааст, ки муфаттиш Александр Ожиганов ва роҳбарони ӯ ҷабрдидагон ва ҷониби ҳимояи онҳоро дар бораи дароз кардани муҳлати тафтиш, таъини ташхис ва натиҷаҳои он ва рад шудани таҳқиқи судиву тиббӣ огоҳ накарда, ҳамчунин ҷабрдидагонро бо маводи парванда шинос накардаанд.

Дар фурсати наздиктарин ба ҷабрдидагон – волидони тифл Заррина Юнусова ва Рустам Назаров бояд ҳамаи асноди тиббӣ дар бораи марги фарзандашон расонида шавад, ки аз моҳи октябри соли 2015 бо онҳо шинос нестанд. Гузашта аз ин, мақомоти тафтишот ба таъини ташхиси мустақили судиву тиббӣ уҳдадор шудааст, то ки сабаби марги кӯдак муайян карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.

Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.

Аввали моҳи апрел сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Сергей Умнов

иттилоъ дода  буд

, ки аз қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа мақомоти пулис хулосаҳои даркорӣ баровардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.