Қатъи фаъолияти як маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе

Зимни баргузории санҷиш дар маркази бозиҳои компютерии воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, кормандони милитсия дар он 8 нафар ноболиғонро ошкор карданд, ки дар ин вақти шабонарӯз дар марказ ҳузур доштани онҳо ғайриқонунӣ буд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, барои иҷозат додани ноболиғон дар ин марказ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни баргузории санҷиш дар маркази бозиҳои компютерии воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, кормандони милитсия дар он 8 нафар ноболиғонро ошкор карданд, ки дар ин вақти шабонарӯз дар марказ ҳузур доштани онҳо ғайриқонунӣ буд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, барои иҷозат додани ноболиғон дар ин марказ нисбат ба соҳибмулк Мансур Ҷалолов маводи зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияташ муваққатан қатъ карда шуд.

Гуфта мешавад, нисбат ба падару модарони ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ҷарима бастанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2018 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзандон”-ро тасдиқ кард.

Мувофиқи ин тағйирот, ба шаҳрвандони ноболиғи кишвар аз соати 18-и шом то 6-и субҳ ҳузур доштан дар маҳфилҳои шомгоҳӣ, маҳфилҳои рақсу мусиқӣ (дискотекаҳо), марказҳои компютерӣ, идораҳои букмекерӣ, тарабхонаҳо ва дигар марказҳои дилхушиву қиморхонаҳо қатъиян манъ шуд. Манъи ҳузур дар ин ҷойҳо дар вақти муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандони синни то 18-сола дахл дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио