РВКД Душанбе: “Ин “облава” нест, пайрави ДОИШ-и мавриди пайгард дар Русия боздошт шуд”

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо дар бораи дастгиркунии як нафар шаҳрванд ба хотири маҷбурӣ ҷалб кардани ӯ ба хизмати ҳарбӣ (облава) рад кард. “Санаи 6 апрел дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори дастгиркунии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия паҳн гардида, корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба […]

Asia-Plus

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршударо дар бораи дастгиркунии як нафар шаҳрванд ба хотири маҷбурӣ ҷалб кардани ӯ ба хизмати ҳарбӣ (облава) рад кард.

“Санаи 6 апрел дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори дастгиркунии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия паҳн гардида, корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба ҳодисаи ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки дар байни ҷомеа ҳамчун «облава» маъруф аст, рабт додаанд”, – менависад маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт.

Гуфта мешавад, дар асл навори видео ҳангоми боздошти зодаи 39-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, соҳиби се фарзанд Имомалӣ Идибегов сабт шудааст.

“Идибегов аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба гумони узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ манъшуда дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) мавриди пайгард эълон шудааст, – хабар медиҳад манбаъ. –  Чун огаҳ мешавад, ки дар Русия мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, ба Тоҷикистон фирор намуда, лекин дар ин ҷо боздошт шуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.