Хушдомани занеро, ки гуфта мешуд бо 26 зарби корд худкушӣ кардааст, ба ҳабс гирифтанд

Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо гардид, барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, ки хушдомани духтари марҳумашро рӯзи шанбеи гузашта (3 сентябр) кормандони мақомот дастгир карданд […]

Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо гардид, барои ба худкушӣ расонидани келинаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ки хушдомани духтари марҳумашро рӯзи шанбеи гузашта (3 сентябр) кормандони мақомот дастгир карданд ва додгоҳ имрӯз, 6 сентябр ҳукми то ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ мондани ӯро содир кард.

“Мо дар аввал аз мақомот талаб мекардем, ки агар духтарам худкушӣ кардааст, бояд нафароне, ки ӯро ба худкушӣ расониданд, ҷазо гиранд. Имрӯз, мақомот хушдомани духтари марҳумамро бо моддаи 109 қисми 2 (ба худкушӣ расондан) гумонбар дониста, ба ҳабси пешакӣ гирифт. Наздикони хушдомани духтарам аллакай чанд нафарро миёнарав карда истодаанд, ки ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд, вале бовар дорам гунаҳкор ҷазои сазовор мегирад”, – гуфт Абдуфатоҳ Мисоқов.

Боз кардани парванда ва то ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ дар ҳолест, ки наздикони ӯ чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар тафтиши пешакии далели марги Манораи Абдуфаттоҳ худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонии Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.