Аз истирдоди ҷинояткорон то таслими маҳкумшудагон. Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қатар 3 созишнома имзо карданд

Миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Қатар се шартномаи  байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расонида шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Шартномаҳои байналмилалии мазкур дар доираи сафари Доктор Исса бин Саад ал […]

Asia-Plus

Миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Қатар се шартномаи  байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расонида шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Шартномаҳои байналмилалии мазкур дар доираи сафари Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ, додситони кулли давлати Қатар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба Душанбе, ки санаи 22 – 23 октябри соли 2023 сурат гирифт, имзо шудаанд.

Ҳамчунин, зимни ин сафар, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва ҳамтои қатарии ӯ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самтҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти гайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили трансмиллиро баррасӣ кардаанд.

“Ҳамчунин, ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ ва дар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки иқтидори Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи Давлати Қатар ва Коллеҷи ҳуқуқии Донишгоҳи Қатар марбут ба Фонди Қатар, инчунин прокуратураи зиддитеррористии махсусгардонидашудаи Қатар барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони Маркази пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтории он истифода бурда мешавад”, – таъкид мегардад дар иттилоияи Додситонии кул.

Бояд гуфт, ки чанде пештар Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав – “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” ташкил карда, бо баргузории як машғулият онро ба кормандони худ муаррифӣ намуд.

Пештар аз ин, Додситонии кулли Тоҷикистон зимни силсиласафар ба Аврупо бо додситонҳои кулли чандин давлатҳо мулоқот ва шароити ҳамкориро баррасӣ намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ