Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш

Дар шаҳри Бохтар фаъолияти маркази дилхушии “Париж” қатъ гардида, бар зидди роҳбар ва як корманди он парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Сабаби қатъи кор ва боз шудани парванда муноқишаи роҳбарияти ин марказ бо як мизоҷ будааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ дода, менависад, ки ин сеюмин маркази дилхушии шаҳри Бохтар аст, ки ҳафтаҳои […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар фаъолияти маркази дилхушии “Париж” қатъ гардида, бар зидди роҳбар ва як корманди он парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Сабаби қатъи кор ва боз шудани парванда муноқишаи роҳбарияти ин марказ бо як мизоҷ будааст.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ дода, менависад, ки ин сеюмин маркази дилхушии шаҳри Бохтар аст, ки ҳафтаҳои охир “барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ” фаъолияташ қатъ гардида, бар зидди роҳбарони он парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳодисае, ки боиси қатъи фаъолияти “Париж” шуд, аз ин оғоз мешавад, ки Баротов Сироҷиддин ном сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати сархушӣ вориди маркази дилхушӣ гардида, бо мизоҷон баҳсу мунозира мекунад.

Роҳбар ва пешхидмати ин марказ ба баҳси мизоҷон ҳамроҳ шуда, Баротов Сироҷиддинро дашному ҳақорати қабеҳ ва латукӯб намудаанд, ки дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гардидааст.

“Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршудагон, аз ҷумла роҳбар ва пешхизмати маркази дилхушии Париж Ҷалолов Амирҳамза ва Шерзода Ҷунайд тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, фаъолияти маркази дилхушии “ Париж” қатъ ва дари он муҳр зада шуд”, – омадааст дар ахбори Раёсати ВКД дар Хатлон.

Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (72 ҳазор сомонӣ то 144 ҳазор сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки моҳи феврали имсол Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфта буд, ки зидди фаъолияти марказҳои дилхушӣ аст.

Баъди интиқоди ӯ моҳи майи имсол масъули ду маркази дилхушӣ дар шаҳри Бохтар барои риоя накардани қоидаҳои реҷаи шабона 5 шабонарӯз ҳабс карда шуданд.

Инчунин моҳи сентябр пулиси пойтахт барои танзими фаъолияти марказҳои дилхушӣ “рейд” гузаронид ва зимни санҷиши марказҳои дилхушии “Самира”, “Париж”, “Шоми Кӯлоб” ва “Ҷавонон” 230 духтару писари ҷавон дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба шӯъбаи мақомоти милитсияи пойтахт оварда шуданд. Тақдири баъдии онҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.