Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад

Ҳафтаи равон қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон ва масъулини созмонҳои байналмилалӣ дар умури паноҳандагӣ аз шарҳи ин қазия сукут ихтиёр кардаанд. Ба гузориши Маркази хабарнигорони ҷавон, рӯзи душанбе 47 паноҳандаи афғонистонӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон “иҷборан ихроҷ шудаанд”. Ин афрод, ки дар шаҳри […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳафтаи равон қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон ва масъулини созмонҳои байналмилалӣ дар умури паноҳандагӣ аз шарҳи ин қазия сукут ихтиёр кардаанд.

Ба гузориши Маркази хабарнигорони ҷавон, рӯзи душанбе 47 паноҳандаи афғонистонӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон “иҷборан ихроҷ шудаанд”.

Ин афрод, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, ба иттилои манбаъ, ҳама асноди паноҳҷӯи Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагонро доштанд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат ронандаи таксӣ будаанд.

“Паноҳандагон ба идораи амният дар шаҳри Ваҳдат даъват шуда, асноди онҳоро мусодира ва сипас бо ду мошин ба марз интиқол додаанд. Ҳамчунин, теъдоде аз паноҳҷӯёни дигар дар кӯчаву бозор, ки барои харид ба мағоза мерафтанд, аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба Афғонистон ихроҷ шудаанд”, – менависад манбаъ.

Миёни ихроҷшудагон занону модарон низ будаанд, ки аз фарзандонашон ҷудо шудаанд. Як зани афғонистонӣ, ки ахиран аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст, ба хабаргузории "Afganistan International" гуфтааст, ки “мақомоти амниятии Тоҷикистон бе ягон сабаб моро ихроҷ карданд, дар ҳоле ки фарзандон ва волидони беморам дар Тоҷикистон боқӣ монданд”.

Ин муҳоҷири ихроҷшуда гуфтааст, ки тамоми дороии хонавода ва зиндагии онҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва мақомоти амниятии кишвар ба онҳо имкон надодаанд, ки ҳадди ақал моли худро интиқол диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ва масъулини бахши паноҳандагон дар Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар робита ба ихроҷи гурезаҳо худдорӣ мекунанд. Аз Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) рӯзи 22-юми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз қазия огоҳ ҳастанд ва ба зудӣ изҳорот интишор мекунанд. Вале бо гузашти се рӯз дигар ба зангҳои мо ҷавоб надоданд ва то ҳол изҳорот ҳам нашр накардаанд.

Вале Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон, як ниҳоди ҷамъиятии кор бо муҳоҷирони афғонистонӣ, ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро рад карда, гуфт, ки “агар ду – се касе ҳам ихроҷ шуда бошад, ба далели камбуди ҳуҷҷатҳояш аст”.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон расман дар ин бора иттилоъ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ихроҷи онҳо ба кишварашон, ки зери султаи “Толибон” аст, ба ҷонашон хатар дорад.

Бояд гуфт, ки қаблан ҳам даҳҳо паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд, вале он вақт далели ихроҷро шарҳ дода буд. Онҳо барои гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ карда шуда буданд.

Он замон Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд ва ё ҷазо диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.