Чаҳор миллион сомонӣ ҷарима барои “дуздӣ”-и барқ дар як моҳ

Танҳо дар моҳи майи соли равон мақомот даҳҳо корхона ва сокинони кишварро барои “дӯздӣ” ва ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар умум, 4 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика хабар дода, гуфтааст, ки ин маблағ дар 272 ҳолати “дуздӣ”-и барқ ошкор шудааст. Оҷонсӣ бори дигар аз аҳолӣ хостааст, ки […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Танҳо дар моҳи майи соли равон мақомот даҳҳо корхона ва сокинони кишварро барои “дӯздӣ” ва ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар умум, 4 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд.

Дар ин бора Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика хабар дода, гуфтааст, ки ин маблағ дар 272 ҳолати “дуздӣ”-и барқ ошкор шудааст.

Оҷонсӣ бори дигар аз аҳолӣ хостааст, ки қонунгузорӣ ва шартномаҳои марбут ба истифодаи энергияро риоя кунанд.

Чанд нафар барои “дӯздӣ”-и нерӯи барқ ҷарима шудаанд, гуфта намешавад. Ҳамчунин, маълум нест, ки мақомот ин миқдори ҷаримаро ситонидаанд ё не.

Бояд гуфт, ки дар пайи сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ, то ин муддат мақомот аз боз шудани чанд парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ хабар доданд, ки ба “дузд”-ии барқ гумонбар мешаванд.

Аз ҷумла, чанд пеш як корхонаро барои дуздии барқ беш аз 44,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, нисбати се корманди шабакаҳои тақсимоти барқӣ як ноҳия "барои бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадорҳои касбӣ" парвандаи маъмурӣ боз карда буданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.

Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.