Ифтитоҳи боз ду парвандаи ҷиноятӣ барои “дуздӣ”-и барқ

Мақомот алайҳи се нафари дигар бо гумони “дуздӣ”-и барқ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо барқро берун аз ҳисобкунак ба фермаи мурғпарварӣ ва маркази таҳсилотии хоҷагии деҳқониашон гузаронидаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз онҳо ном набурда, танҳо гуфтааст, ки мардони 39 ва 37-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки кормандони фермаи мурғпаравии ноҳияи Деваштич будаанд, бе бақайдгирӣ дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомот алайҳи се нафари дигар бо гумони “дуздӣ”-и барқ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо барқро берун аз ҳисобкунак ба фермаи мурғпарварӣ ва маркази таҳсилотии хоҷагии деҳқониашон гузаронидаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз онҳо ном набурда, танҳо гуфтааст, ки мардони 39 ва 37-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки кормандони фермаи мурғпаравии ноҳияи Деваштич будаанд, бе бақайдгирӣ дар мақомоти андоз, ғайриқонунӣ ба парвариши мурғи “Бройлер” машғул будаанд.

Ба гуфтаи мақомот, онҳо ноқили барқро берун аз ҳисобкунаки барқӣ ба ферма интиқол дода, ба он 5-адад фурӯзонаки барқӣ, 1 адад шамолдиҳаки барқӣ ва 1 адад насоси обкаширо пайваст кардаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки гумонбарон ба “Шабакаи барқ”-и ноҳияи Деваштич беш аз 11 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Ҳолати дигари “дуздӣ”-и барқ дар ноҳияи Деваштич ошкор шудааст. ВКД гуфтааст, ки роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи “А.Қодиров”-и ноҳияи мазкур, қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ ба 2 ҳуҷраи  бинои маркази таҳсилотии хоҷагӣ гузаронидааст.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ ба “Шабакаи барқ”-и ноҳияи Деваштич беш аз 8 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Мақомот нисбати гумонбарон бо иттиҳоми “вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ” (моддаи 253 иловаи 1 қисми 1”-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд.

Ин банди нави қонунгузорӣ то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Назари худи онҳо ва пайвандонашон нисбати ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар пайи сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ, ду ҳафта қабл мақомоти корҳои дохилӣ аз боз шудани парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбати ҳаддиақал 6 нафар хабар доданд. Ба гуфтаи мақомот онҳо низ ба “дуздӣ”-и барқ гумонбар мешаванд ва ба буҷаи кишвар садҳо ҳазор сомонӣ “зарар расонидаанд”.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Он дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.