Сардори Раёсати беҳдошти замини Суғд дар доираи қазияи азхудкунии беш аз 4 млн сомонӣ 137 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, ки чанде пеш аз сӯйи Оҷонсии зиддифасод ба азхудкунии беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонии будҷа муттаҳам мешуд, бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳудуди 137 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз ишғоли мансаб ба муддати ду сол маҳрум гардидааст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии […]

Шаҳноз Ализода, Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, ки чанде пеш аз сӯйи Оҷонсии зиддифасод ба азхудкунии беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонии будҷа муттаҳам мешуд, бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳудуди 137 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз ишғоли мансаб ба муддати ду сол маҳрум гардидааст.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди кишвар дирӯз, 8-уми август дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ дар шарҳи ин қазия гуфт, Аминҷон Абдуллозода ҳамроҳи Рустам Баротов, мутахассиси ин раёсат, Дилшод Раҳматуллоев, як хешаш ва роҳбарони ширкатҳои хусусии “Ганҷ-Сохтмон”, “Пурмеҳр”, “Хонаи Дониш”, “Тибби замонавӣ” 4 млн 386 ҳазор сомонӣ пули таъмири пойгоҳҳои обкашии чанд ноҳияро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф кардаанд.

Ин маблағҳо барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳ барои солҳои 2023-2024 ҷудо шуда будааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод нисбати Абдуллозода ва дигарон бо иттиҳоми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ (моддаи 245 қисми 4 банди б,) ва “сохтакории ҳуҷҷтаҳо” (моддаи 340 қисми 2 бандҳои а, б)-и парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Бо қарори додгоҳ, нисбати Аминҷон Абдуллозода, роҳбарони ширкатҳо Собиров, Раҳматов (номҳояшонро зикр накард) ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 136 ҳазору 800 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ба муҳлати ду сол татбиқ гардид.

Нисбати роҳбарони дигар ширкатҳо Ҳакимов ва Раҳимов (номҳояшонро зикр накард) ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисбҳо баробар ба 144 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ба муддати се сол татбиқ карда шуд. Баротов Рустам бинобар дар ҳолати ретситивии хавфнок содир намудани ҷиноят, 10 солу 6 моҳ аз зодӣ маҳрум шуд”,- гуфт Сулаймон Султонзода.

Вай афзуд, Аминҷон Абдуллозода дигар “дар ин мансаб фаъолият намекунад”.

Қаблан, Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “Абдуллозода ҳоло дар озодӣ буда, аз пайи кору зиндагии хеш аст”.

Диловар Мирзоҳомидзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотии рӯзи 7-уми август дар шарҳи ин қазия гуфт, наздикони маҳкумшудаҳо аз болои ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд ва парванда дар баррасии кассатсионии Додгоҳи вилояти Суғд қарор дорад.

Назари худи маҳкумшудаҳо, аз ҷумла Абудллозода дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар бораи иттиҳоми азхудкунии миллионҳо сомонии будҷа аз сӯйи Аминҷон Абдуллозода охири моҳи июл Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, маблағи 4 миллиону 386 ҳазор сомонии тасарруфшуда ба буҷети давлат баргардонида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.