Пешниҳоди бозгашт ба донишҷӯёни ӯзбеки мактабҳои олии Тоҷикистон

Вазорати маорифи Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ба донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, имкон диҳад, ба хонаҳояшон баргашта, таҳсилро дар ватан идома диҳанд. “Тасмими бозгашт ва идомаи таҳсилро дар ватан худи донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, изҳор медоранд ва ин қарори онҳо ихтиёрист”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати маорифи Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ба донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, имкон диҳад, ба хонаҳояшон баргашта, таҳсилро дар ватан идома диҳанд.

“Тасмими бозгашт ва идомаи таҳсилро дар ватан худи донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, изҳор медоранд ва ин қарори онҳо ихтиёрист”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе.

Мувофиқи маълумоти Вазорати маорифи Ӯзбекистон, ду чиз сабаб шудааст, ки чунин тасмим гирифта шавад: аввал, ба вазорат аз волидони донишҷӯён бисёр арзу шикоят расидааст, ки онҳо фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, интиқоли пул душвор аст; дуюм, чанде аз мактабҳои олии Тоҷикистон дар рейтинги миллии Ӯзбекистон нестанд. Аз ин рӯ, сифати маълумоти дар Тоҷикистон бадастоварда зери суол гузошта мешавад.

Ҳукумати Ӯзбекистон таъкид мекунад, ки ин қарор ба хатари коронавирус ё ҷалби шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафҳои созмонҳои террористӣ вабаста нест.

Вазорати маорифи Ӯзбекистон шарҳ додааст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, донишҷӯ танҳо тобистон ва танҳо пас аз соли дуюми таҳсил барои гузаштан ба дигар муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад.

Ӯзбекистон дар қатори Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ, ки дар мактабҳои олии Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мекунанд, низ чунин имкон додааст.

Бино ба маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, айни замон дар мактабҳои олии Тоҷикистон наздики 2 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Ҷавонони ӯзбек дар мактабҳои олии Тоҷикистон дар Душанбе, бештар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, ҳамчунин муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Данғара таҳсили илм мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.