Созишномаи Тоҷикистон бо Маҷористон дар бораи истирдоди шаҳрвандон тасдиқ шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 15 декабр Шартнома байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон ва Шартномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Маҷористонро тасдиқ намуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ. Созишнома дар бораи истирдодро 7 апрел дар Душанбе прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ ва савдои Маҷористон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 15 декабр Шартнома байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон ва Шартномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Маҷористонро тасдиқ намуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ.

Созишнома дар бораи истирдодро 7 апрел дар Душанбе прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ ва савдои Маҷористон (Венгрия) Петер Сийярто имзо карда буданд.

Мувофиқи ин санад, Душанбе ва Будапешт шаҳрвандони ҳар ду кишварро, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаву мавриди пайгард эълон шудаанд, инчунин шаҳрвнадонеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон адои ҷазо мекунанд, ба ихтиёри ҳамдигар месупоранд.

Тибқи асноди дар сомонаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нашршуда, Тоҷикистон бо Украина, Эрон, Афғонистон, Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ чунин созишнома дорад.

Дар ҳамин ҳол, инчунин Конвенсияи кишварҳои аъзои ИДМ «Дар бораи бозпас додани ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо” дар кишвари худ амал мекунад, ки ба он дар баробари Тоҷикистон Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ