Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд

Имрӯз, 18-уми март, дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумони Тоҷикистон, вакилони ҳамакнун собиқ созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду санади дигари вобаста ба марзро ба тасвиб расониданд. Ин охирин ҳузури бархе аз вакилон дар парлумон аст. Пагоҳ, 19-уми март иҷлосияи якуми парлумони нав- даъвати ҳафтум баргузор мешавад ва бо ҳамин вакилони нав ба кори худ […]

Asia-Plus

Имрӯз, 18-уми март, дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумони Тоҷикистон, вакилони ҳамакнун собиқ созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду санади дигари вобаста ба марзро ба тасвиб расониданд.

Ин охирин ҳузури бархе аз вакилон дар парлумон аст. Пагоҳ, 19-уми март иҷлосияи якуми парлумони нав- даъвати ҳафтум баргузор мешавад ва бо ҳамин вакилони нав ба кори худ оғоз мекунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи охирин, ки бо ширкати аксари вакилон баргузор шуд, аз ҷумла, Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии ду кишвар ба тасвиб расид.

Ҳамчунин вакилон, ду ҳуҷҷати дигари вобаста ба сарҳад-  Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи автомобилгард ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикиро ба тасвиб расонидаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 13 март Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд. Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд.

Дафтари матбуотии парлумон менависад, ки дар ҷаласаи охирини даъвати шашуми парлумон инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Кумаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд тасдиқ шуд.

Дар иҷлосия аз рӯи масъалаҳои мавриди баррасӣ як қатор мансабдорони давлатӣ ва вакилони парлумон баромад карданд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 2-юми март баргузор шуд, бо ғалабаи комили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон поён ёфт. Ин ҳизб дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳар як курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиро дар парлумон соҳиб шавад. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

Интихоботи имсоларо танҳо нозирони ИДМ ва СҲШ дар ҳайати 230 кас назорат карданд. Онҳо мисли солҳои қаблӣ низ интихоботи имсоларо “шаффофу озод ва демократӣ” хонданд.

Вале имсол бори аввал ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони САҲА назорат нахоҳанд кард. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.

Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.  

Ҳамчунин, имсол чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC ҳам аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд. КМРИТ бо баҳонаи гузаштани муҳлати сабти ном ба онҳо иҷозаи бозтоби интихобтро надод.

Дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио