Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?

Имсол ҷашни Наврӯз дар пойтахт аз 19-ум то 22-юми март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешаввад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Имсол, ҷашни Наврӯз соати 14:01 дақиқаи рӯзи 20-уми март оғоз мешавад, аммо онро ҳамасола дар Тоҷикистон расман рӯзи 21-уми март ҷашн мегиранд.   Чорабиниҳои асосии наврӯзӣ […]

Нигина Аслонова, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имсол ҷашни Наврӯз дар пойтахт аз 19-ум то 22-юми март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешаввад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Имсол, ҷашни Наврӯз соати 14:01 дақиқаи рӯзи 20-уми март оғоз мешавад, аммо онро ҳамасола дар Тоҷикистон расман рӯзи 21-уми март ҷашн мегиранд.

 

Чорабиниҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе:

Рӯзи 19-уми март дар пойтахт Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангӣ-сайёҳӣ» баргузор мешавад.

Маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00 субҳи рӯзи 21-уми март аз баландтарин нуқтаи шаҳр- Боғи Ғалаба оғоз мешавад. Дар ҳамин рӯз соати 15:00 дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаҳои байналмилалии аспдавонӣ оғоз меёбанд. Инчунин, дар ин рӯз соати 20:00 дар майдони “Истиқлол” консерти идона ва соати 21:00 оташбозии наврӯзӣ (салют) ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи 22-юми март дар Боғи “Ирам” Фестивали байналмилалии сайёҳӣ ва Фестивали таомҳои миллӣ гузаронида мешавад.

Қаблан, шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки рӯзи 21-уми марти соли равон дар Майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе “Карнавали наврӯзӣ” мегузарад. Вале дертар онро рад карданд.

Зимнан, дар назар аст, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои наврӯзӣ доир карда шаванд.

Илова бар ин, аз 15 то 21 март дар кишвар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” низ гузаронида мешавад, ки фаъолон ва ҷавононро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ мекунад.

Имсол ҷашни асосии Наврӯз дар Хуҷанд рӯзи 31-уми март бо ширкати президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.

 

Боз чӣ чорабиниҳо мегузарад?

Ҳамчунин, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар кишвар як қатор мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои анъанавии гӯштингирӣ ва аспдавонӣ мегузарад. Ин чорабиниҳо иштирокчиёнро аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия ҷамъ меоваранд.

Дар ҷашни Наврӯз чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст:

23-26 март – дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаҳои варзишӣ – сайёҳӣ (бо 55 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон) баргузор мешаванд.

25-27 март – дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи гӯштингирӣ (бо 67 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия) баргузор мегардад.

15-19 март – мусобиқаи байналмилалии теннис дар Хуҷанд (ҳанӯз идома дорад).

 

Чорабиниҳои варзишӣ дар Тоҷикистон, ки аллакай дар моҳи март гузаштанд:

1-3 март – мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Исфара.

10-12 март – мусобиқаҳои тирандозӣ бо камон дар вилояти Суғд.

10-14 март – мусобиқаҳои шиноварӣ дар Хуҷанд.

11-13 март – аспдавонии байналмилалӣ дар Бобоҷон Ғафуров.

12-14 март – мусобиқаи байналмилалии волейбол дар байни духтарон дар Исфара.

14-16 март – мусобиқаи байналмилалии мини-футбол дар Хуҷанд.

15 март – веломарафон дар Хуҷанд.

16-17 март – мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар Панҷакент.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.