Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов рушди бамаротиби тиҷоратро баррасӣ кард

Дирӯз, 11-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Душанбе омад, мулоқот кард. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати […]

Дирӯз, 11-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Душанбе омад, мулоқот кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду кишвар, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз мекунад, баррасӣ шуданд.

“Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллари амрикоӣ расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст. Дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “нерӯи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” зоҳир гардид”, – зикр мекунад манбаъ.

Пештар Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон Абдулло Ориповро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, суҳбати кутоҳе анҷом дод, аммо мулоқоти расмии онҳо имрӯз, 12-уми март, дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар пайи им мулоқот санади дахлдор ба имзо расад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.