Кумаки навбатии низомӣ-техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Дар шаҳри Остона вохӯрии муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Талгат Жанжуменов бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализода доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо созишномаро байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи расонидани кумаки бебозгашти низомӣ-техникӣ ба Тоҷикистон ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон. Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ […]

Дар шаҳри Остона вохӯрии муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Талгат Жанжуменов бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализода доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо созишномаро байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи расонидани кумаки бебозгашти низомӣ-техникӣ ба Тоҷикистон ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ояндаи наздик Остона ва Душанбе номгӯи амволи ҳарбии додамешударо мувофиқа мекунанд.

Қаблан Қазоқистон ба сифати кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон дастгоҳҳои ҷӯяндаи минаҳо, иктишофи кимиёӣ, занбарҳои санитарӣ, зарфҳо барои захираи об ва дигар таҷҳизот дода буд.

Ғайр аз ин, дар созишнома таҳсил ва омода кардани афсарони ояндаи тоҷик дар мактабҳои олии низомии Қазоқистон низ пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".