Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд

Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик, ки дар зарфи шаш моҳи охир боздошт ва ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шуданд, боз ҳам паси дарҳои баста баргузор гардид.

Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) тақрибан 5 соат идома кард, наздикони гумонбарон боз ҳам ба толори мурофиа роҳ дода нашуданд, танҳо вакилони дифоъ ба мурофиа даромаданд.

Мақомот бо далели муҳри махфӣ доштани парвандаҳо аз ҷузъиёти мурофиа иттилоъ намедиҳанд.

Вакилони дифоъ ва пайвандони нафарони боздоштшуда низ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.

Як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мурофиаи сеюм назари се айбдоршавандаи дигар нисбати парванда пурсида шуд.

Ба иттилои дастрас, пурсидашудагон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор мебошанд.

Манобеи огоҳ гуфтанд, ки ду айбдоршаванда дар додгоҳ иттиҳомро қабул накардаанд, вале Саидҷаъфар Усмонзода қисман иттиҳомро пазируфтааст. Аммо дақиқ нест, ки онҳо бо кадом моддаҳои гумонбар дониста шудаанд ва чиро пазируфтаву чиро рад кардаанд. Санҷиши дурустии ин иддао тавассути мақомоти расмӣ ё сарчашмаҳои мустақил ғайриимкон аст.

Дар мурофиаи дуюм, ки чанд рӯз пештар ҷараён гирифт, 4 айбдоршаванда – Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ бозпурсӣ шуда буданд.

Чанде аз инҳо, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ ҳам қисман айбномаро пазируфта буд.

Бояд гуфт, ки аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки парвандаи онҳо ба якдигар иртибот дорад, вале аксар айбдоршавандагон иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.

Интизор меравад, ки мурофиаи дигарӣ пагоҳ, 22-уми ноябр баргузор шавад ва дар он айбдоршавандагони дигар бозпурсӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...