Ташкили Парки табиии миллии “Яғноб” дар Тоҷикистон

Парк аз ҳисоби ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ ва дигар заминистифодабарандагони ноҳияи Айнии вилояти Сугд ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи ташкили парк аввали моҳи май қабул шудааст. Парк бо мақсади ҳифз, барқарорсозии комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва таърихӣ), рушди сайёҳии экологӣ, пешбурди корҳои илмӣ ва истифодаи устувори […]

Asia-Plus

Парк аз ҳисоби ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ ва дигар заминистифодабарандагони ноҳияи Айнии вилояти Сугд ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи ташкили парк аввали моҳи май қабул шудааст.

Парк бо мақсади ҳифз, барқарорсозии комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва таърихӣ), рушди сайёҳии экологӣ, пешбурди корҳои илмӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ бунёд мегардад.

Қайд мешавад, ки маблағгузории Парки табиии миллии "Яғноб" аз ҳисоби даромади бадастовардашудаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва сармоягузории дохилию хориҷӣ сурат мегирад.

Ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба Парки табиии миллии "Яғноб" санадҳои дахлдорро таҳия ва барои тасдиқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Парк моликияти давлатӣ буда, дар ихтиёри муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ қарор мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст