Озода Раҳмон аз вазоратҳо ва додситонӣ хост далелҳои “облава”-ро санҷанд ва посух диҳанд

Дастгоҳи президенти Тоҷикистон шикояти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро оид ба ҳодисаҳои сарбозшикор ё худ ба истилоҳи маъруф “облава” қабул карда, онро ҷиҳати баррасӣ ба Вазорати мудофиа, ВКД ва Прокуратураи генералӣ фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, яке аз ташаббускорони муроҷиат. “Муроҷиате…, ки ба Дастгоҳи президенти Тоҷикистон расид, ҷиҳати баррасӣ ба шумо (сохторҳои марбута – […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дастгоҳи президенти Тоҷикистон шикояти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро оид ба ҳодисаҳои сарбозшикор ё худ ба истилоҳи маъруф “облава” қабул карда, онро ҷиҳати баррасӣ ба Вазорати мудофиа, ВКД ва Прокуратураи генералӣ фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, яке аз ташаббускорони муроҷиат.

“Муроҷиате…, ки ба Дастгоҳи президенти Тоҷикистон расид, ҷиҳати баррасӣ ба шумо (сохторҳои марбута – идора) ирсол мегардад. Дархост мекунем, ки аз натиҷаҳояш ба дастгоҳ ва муаллифони муроҷиат хаттӣ маълумот дода шавад”, – гуфта мешавад дар санади ирсолӣ бо имзои муовини аввали раиси дастгоҳ Фирдавс Ҳаётзода.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ ва роҳбари дастгоҳи президент бо дархости хотима бахшидан “ба ин шармандагӣ ва қонуншиканӣ” дар кишвар муроҷиат намуданд.

“Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд”, – изҳор мешавад дар муроҷиат.

Гуфта мешавад, ҳеҷ кас мухолифи ба хизмати аскарӣ даъват намудани ҷавонон нест, вале бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро помол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад (ҳар сол чандин ҷавону волидонаш аз ҷиҳати равонӣ саломатии худро аз даст медиҳанд), имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад.

Муаллифони муроҷиат ҳамчунин супориши Озода Раҳмонро дар ин маврид дар соли 2013 хотиррасон мекунанд, ки баъди он ҳукуматҳои маҳаллӣ василаҳои гуногунро пайдо карда буданд – додани қитъаи замин ба волидони аскарон, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, фаро гирифтани ҷавонон дар омӯзишгоҳҳои махсуси касбӣ, аз ҷумла ронандагӣ ва амсоли ин, лекин ин дер давом накард.

“Махсусан имсол, ки аз маъракаи даъвати ҷавонон ҳамагӣ 10 рӯз мегузарад, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет аллакай аз навору аксҳое пур шудаанд, ки бо усули ваҳшатнок ҷавононро боздошт ва ба хизмат мебаранд. Бахши идеологии ҳукумат бояд дарк кунад, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳеҷ кореро, хоса иқдомоти ғайриқонуниро пинҳон кардан имконпазир нест. Баръакс ин ҳолатҳо боис ба рехтани обрӯ ва коҳиш ёфтани имиҷи давлат мегардад”, – омадааст дар муроҷиат.

Зикр мегардад, ки “дар бораи “пул кор кардани” намояндагони бархе мақомот ва ба ивази пул аз “облава” халос кардани ҷавонон ҳам сару садо вуҷуд дорад. “Наход ин гуна одамони қонуншикан обрӯи давлатро аз манфиатҳои молии худ поинтар бинанд?”, – савол медиҳанд фаъолон.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвнадӣ пешниҳод кардаанд, ки аз ҳисоби мақомоти ҳукумат, масъулини Вазорати мудофиа, прокуратура, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон комиссияи хос таъсис дода шавад ва роҳҳои бартараф намудани мушкили мазкур пайдо гардад.

“Мо мутмаинем, ки роҳҳои қонуниву мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаем дар ин кор саҳм гузорем, – таъкид мешавад дар хотимаи муроҷиат. – Аммо ҳоло аз Шумо хоҳиш дорем, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳед, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.