Дар Суғд нархи ангишт боло рафт. Аҳолӣ ба таппак рӯй меорад

Нархи ангишт дар вилояти Суғд як баробар гарон шуда, як килои ангишти худӣ 2 ва ангишти қирғизӣ 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар пайи ин иддае аз сокинон маҷбур шудаанд, ки ба сӯзишвории бобоӣ – таппак рӯй оранд. Мақомот аз истихроҷи ками ангишти худӣ ва тоҷирон аз гаронии ангишти қирғиз мегӯянд. Аҳолӣ “Маҷбурем аз таппак истифода […]

Нархи ангишт дар вилояти Суғд як баробар гарон шуда, як килои ангишти худӣ 2 ва ангишти қирғизӣ 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар пайи ин иддае аз сокинон маҷбур шудаанд, ки ба сӯзишвории бобоӣ – таппак рӯй оранд. Мақомот аз истихроҷи ками ангишти худӣ ва тоҷирон аз гаронии ангишти қирғиз мегӯянд.

Аҳолӣ “Маҷбурем аз таппак истифода кунем”

Ҳоло нархи як килои ангишти истеҳсоли Тоҷикистон дар анборҳои захира ва фурӯши яклухту чакана дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1-1,20 дирам ва ангишти воридотӣ аз Қирғизистон то 1,80 дирам боло рафтааст. Фурӯшандагони вилояти Суғд, ки асосан ангиштро аз ин анборҳо мегиранд, онро ба аҳолӣ аз 2,50 дирам то 3 сомонӣ мефурӯшанд.

Турғунбой Турсунбоев, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, маҷбур аст, имсол ба ҷойи ангишт таппак сӯзад.

– Ҳарчанд таппак ҷойи ангиштро намегирад, вале маҷбурем, ки хокаи ангиштро ба поруи чорво ҳамроҳ карда, таппак рехта захира кунем Мо камбизоат ҳастем, агар ҳамаи инро бо маблағ харем, дар зиндагӣ азоб мекашем, – гуфт Турсунбоев.

Болоравии нархи ангишти имсола ба сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов, Назокат Раҳимова имкон надод, ки ангиштро барои фасли сармо захира кунад.

Мавсуф изҳори нигаронӣ намуд, ки соле пеш дар ҳамин шабу рӯз як тонна ангишти қирғизро 1,5 ҳазор сомонӣ харида буд, вале имсол то 2,5 ҳазор сомонӣ боло рафтааст, ки имкони харидории онро надорад.

– Ман ҳоло намедонам аз кадом ҳисоб ангишт харем. Дар хона кӯдакон ҳастанд, агар бо барқ хонаро гарм кунем, он ҳам гарон меафтад, – шиква намуд Раҳимова.

Марз баста, нарх қиммат. Чаро нархи ангишти худӣ боло рафт?

Ба ғайр аз истеҳсоли дохилӣ, ангишт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Вале баъди як муноқишаи хунин дар баҳори имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст. Ҳоло миёни ду кишвар тақрибан додугирифти мол вуҷуд надорад. Соҳибкорон ҳам маҳз набудани додугирифтро сабаби гаронии нархи ангишт медонанд.

Баҳром Ахмедҷонов, як тоҷири ангишт инро тасдиқ намуд ва илова кард, ки инчунин, гарон шудани нархи сӯзишвории нақлиёт ба болоравии қиммати ангишт бетаъсир намондааст.

– Ҳоло ангишти Қирғизистон тариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Мо онро аз кишвари дуюм мехарем. Ангишти қирғиз бо сабаби хароҷоти зиёди роҳ гарон шуд ва нархи ангишти истеҳсоли ватаниро низ якбора боло бурд, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мақомот: Истихроҷи ангишт кам шуд

Дар ҳоле, ки имсол якбора нархи ангишт дар бозор хест, мақомот мегӯяд, истихроҷи ин намуд сӯзишворӣ дар вилояти Суғд кам шудааст. Ба иттилои Раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, давоми 9 моҳ дар вилояти Суғд 1302,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки назар ба ҳамин давраи як соли пеш 44,6 ҳазор тонна кам мебошад.

Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ягона манбаъи гарм кардани хонаҳояшон дар баробари ангишт, ҳезуму, таппак, ғӯзапояи пахта мебошад, ки нархи ин навъ сӯзишворӣ низ боло рафтааст.

Фурӯшандагон мегӯянд, ҳоло як мошини тамғаи “Портер” ҳезум аз 500  то 900 сомонӣ, як банди ғӯзапоя 6-7 сомонӣ ва таппак бештар аз 1000 сомонӣ нарх дорад. Аҳолӣ ба хотири гармии муназзами хонаҳо ва камхарҷтар будани ангишт асосан аз ин намуди сӯзишворӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд фасли сармо дар пеш аст, аммо алакай қимати он боло меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.