Дар Тоҷикистон никоҳ кам ва талоқ зиёд шудааст. Сабаб чист?

Соли 2022 дар Тоҷикистон 70 ҳазор никоҳ ва 14 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта издивоҷ кам ва талоқ бештар шудааст. Дар асоси нишондиҳандаи Агентии омор, соли 2022 дар кишвар 70,6 ҳазор никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 5,4 дарсад камтар аст. Соли гузашта дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Соли 2022 дар Тоҷикистон 70 ҳазор никоҳ ва 14 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта издивоҷ кам ва талоқ бештар шудааст.

Дар асоси нишондиҳандаи Агентии омор, соли 2022 дар кишвар 70,6 ҳазор никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 5,4 дарсад камтар аст.

Соли гузашта дар кишвар 14 069 талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 ин нишондиҳанда 2,9 дарсад зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2022 никоҳ дар вилояти Хатлон 2,5 фоиз, дар вилояти Суғд 8 фоиз, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6 фоиз, дар Душанбе 3,9 фоиз ва дар ВМКБ 21,3 фоиз кам ба қайд гирифта шудааст.

Аксари оилаҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҳам ҷудо шуданд. Дар Душанбе ва ВМКБ камтар аз ҳама талоқ сабт гардидааст.

Чаро талоқ зиёд шуд?

Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳо мушкилоти маишӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нофаҳмӣ ва ихтилофҳо дар оила аст.

“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани сокинон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд”, – шарҳ медиҳад раиси Кумита.

Ҳилолбӣ Қурбонзода мегӯяд, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин бора аз вилояти Хатлон, ВМКБ ва водии Рашт маълумоти дахлдор ҷамъоварӣ кардааст.

“Соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт – 103 оила ва ноҳияи Ванҷ – 31 оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд”, – изҳор дошт роҳбари Кумита.

Ба таъкиди Қурбонзода, ин никоҳҳои ба таври сунъӣ бекоршуда омори расмии талоқро дар кишвар зиёд нишон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврали соли равон вакилони парлумон тағйирот ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул карданд, ки дар асоси он, андозаи боҷи давлатӣ барои бекор кардани ақди никоҳ аз 1 ва 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомонӣ) зиёд карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио