“Ҳадаф – коҳиши талоқ”. Боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди ниқоҳ зиёд шуд

Дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди ниқоҳро қиммат кардаанд, хабар медиҳад рӯзномаи “Садоми мардум”-нашрияи расмии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон. Манбаъ менависад, рӯзи 15-уми феврали соли равон вакилони парлумон тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"-ро қабул карданд, ки дар асоси он андозаи боҷи давлатӣ аз 1 ва 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба […]

Дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди ниқоҳро қиммат кардаанд, хабар медиҳад рӯзномаи “Садоми мардум”-нашрияи расмии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, рӯзи 15-уми феврали соли равон вакилони парлумон тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"-ро қабул карданд, ки дар асоси он андозаи боҷи давлатӣ аз 1 ва 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 5 то 7 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомонӣ) барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии тағйирот дар назди вакилон гуфтааст, ҳадафи тағйирот коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ мебошад.

Ба иттилои номбурда, “бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳода, шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мегарданд”.

“Зиёда аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад. Аз ин рӯ, бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд”, – гуфтааст Музаффар Ашуриён.

Бино бар омори расмӣ, дар соли 2022 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 876 оила расман никоҳи худро қатъ кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 (13 ҳазору 714 ақди никоҳ) 162 оила зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бархе ҳолатҳо талоқҳо тақаллубиянд, чун тоҷикистониён аз ин роҳ мехоҳанд дар Русия шаҳрвандиро ба даст оранд.

“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани шавҳарон мебошад, яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд. Ин никоҳҳои қалбакӣ омори расман бекоршавии ақди никоҳҳоро зиёд мекунанд”, – шарҳ дод раиси Кумита.

Ӯ гуфт, соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт – 103 ҷуфт ва ноҳияи Ванҷ – 31 ҷуфт ақди никоҳашонро бекор кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ ВКД Русия тасмим гирифта буд, ки ду роҳи аслии қонунӣ кардани мақоми муҳоҷиронро, ки яке аз издивоҷҳои қалбакӣ мебошад, дар кишвар рафъ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.