Аз танқиди се бародар то тақдири талхи кӯдакон. “Парасту-2023” боз чӣ ба намоиш гузошт?

Дирӯз, 2-юми май, дар доираи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2023” дар театрҳои Душанбе 3 намоишнома ба саҳна гузошта шуд. Ду намоишнома аз театрҳои музофотӣ ва яке аз театри марказии пойтахт буд. Танқиди се бародари ноком Субҳи 2-юми май Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаи “Зодрӯз муборак, модар”-ро […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 2-юми май, дар доираи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2023” дар театрҳои Душанбе 3 намоишнома ба саҳна гузошта шуд. Ду намоишнома аз театрҳои музофотӣ ва яке аз театри марказии пойтахт буд.

Танқиди се бародари ноком

Субҳи 2-юми май Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаи “Зодрӯз муборак, модар”-ро рӯи саҳна гузошт.

Ин намоишнома дар коргардонии Баҳроми Қурбон аз рӯи асари А.Айтуар дар саҳани Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов манзури бинандагон гардид.

Намоишномаи “Зодрӯз муборак, модар” дар бораи се бародаре буд, ки мехостанд зодрӯзи модарашонро бо тӯҳфаву дастархону ҷамъмад таҳният гӯянд, вале се нафари ноком ва танбал буданд ва ҳар як амалашонро “таъна” менамуданд.

Ниҳоят ин се бародар танҳо бо навиштани “Зодрӯз муборак, модарҷон” иктифо карданд ва дигар ҳама нақшаҳояшонро барбод доданд.

Аммо ҷолибият ин буд, ки дар намоишнома нақши модар набуд ва дар охир як нафар зан – тамошобинро аз толор ба саҳна бароварда, ҳамчун модар ӯро бо як ҷумла табрик гуфтанд.

Ин намоишнома тарбиявӣ буда, дар он тарбияти фарзанд ва дар оянда волидонро парасторӣ кардани фарзанд маҳакӣ асосӣ ба ҳисоб мерафт.

Тақдири талхи ду тифл

Пас аз нисфирӯзӣ Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоишномаи “Дугоникҳо”-ро дар толори Наврӯзи Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯи саҳна гузошт.

Намоишномаи “Дугоникҳо” аз баҳсу ҷангҷоли ду дугоник дар батни модар нақл мекард. Нақшҳоро танҳо ду ҳунарманд бозӣ мекарданд.

Яке аз тифлони дар батни модар буда мехост, ки дар оянда нависанда шавад ва дигарӣ орзуи биносоз шуданро дошт. Ҳарду дар мавриди интихоби касб гуфтумонҳои тунд доштанд ва ҳатто талош мекарданд, ки кӣ зудтар ба дунё меояд ва ба орзуҳояш мерасад.

Тифлон дар моҷарои гуфтумонҳои худ ва бехабар аз он, ки чанде баъд модар онҳоро исқоти ҳамл мекунад.

“Дар батни модар нобуд кардани фарзандро ягон дин қабул надорад. Театри Данғара ин маъниро хеле хуб ифода карда тавонист”, – таассуроташонро иброз медоштанд ҳаводорони театр. 

Ишқи ноком ва бартараф шудани мушкил

Ҳамин тавр, бегоҳи дирӯз, 2-юми май, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи русии “Горбун из Нотрдама”-ро манзури тамошобинон гардониданд.

Намоишномаи “Горбун из Нотрдама” иброзгари ишқи нокоми қаҳрамонҳо ва дар жанри опера таҳия гардида буд.

Маврид ба зикр аст, ки як рӯз пеш аз ин дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи “Қисмат” манзури ҳаводорони санъат гардид, вале маҳдудияти ҷой дар он мавриди интиқоди ҳунармандон ва ҳаводорони театр шуд.

Ин мушкил дар намоишномаи “Горбун из Нотрдама” дида намешуд ва тамошобинон аз ин норасоӣ дигар шикоят надоштанд.

Имрӯз, 3-юми май бошад, соати 14:00 Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи “Катан”-ро дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов ба намоиш гузошт.

Ҳамчунин, соати 17:30 дақиқа Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон”-ро дар саҳнаи худ манзури ҳаводорони санъат мекунад.

Бояд таъкид кард, ки имсол дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” то рӯзи 4-уми май идома карда, шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ҷамъбастии ҷашнвора баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова