Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 май бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар аъзои ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Гуфта мешавад, сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ду рӯз – 3 ва 4-уми май давом мекунад. Зимни […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 май бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар аъзои ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ду рӯз – 3 ва 4-уми май давом мекунад.

Зимни дидору гуфтушунидҳо вазъи ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Остона ҳамоиши тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон мегузарад, ки дар он намондагони сохторҳои расмӣ ва тоҷирони машғул ба фаъолият дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусзоӣ ва дигар соҳаҳо иштирок доранд.

Тавре ки маълум аст, дар чаҳорчӯби кори форуми тиҷоратӣ ба маблағи 1 млрд 300 млн доллар қарордодҳо ба имзо расида, ҷонибҳо ният доранд, ки ин рақамро то 2 млрд доллар расонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.