Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасади ду кӯдаки дар моҳи апрел ғарқшударо пайдо карданд

Нимаи дуюми рӯзи 2 май наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро пайдо карданд. Ӯ рӯзи 30 апрел дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шуда буд ва ҷасади ӯро се километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд. "Ҷасади […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 2 май наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро пайдо карданд.

Ӯ рӯзи 30 апрел дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шуда буд ва ҷасади ӯро се километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд.

"Ҷасади кӯдак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд", – хабар медиҳад КҲФ.

Ҳамчунин, як рӯз пеш наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади кӯдаки 8-соларо аз ҳудуди канали деҳаи Эшонқишлоқи ноҳияи Левакант пайдо карданд.

Гуфта мешуд, ки ин кӯдак шоми 20-уми апрел аз хона баромада ғайб задааст дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Кормандони Кумита ҷасадиин  писарбачаро низ аз канал берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи бахши навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, рӯзи 2 май, сокини 14-солаи деҳаи Чучуи ҷамоати Даҳана ҳангоми оббозӣ дар канали ноҳияи Ёвон ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд ва аз наздик шудани онҳо ба канлу дарё ва обанборҳо бе ҳамроҳии калонсолон пешгирӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.