Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба дидани донишҷӯёни латукӯбшуда рафтаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия тафсилоти латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амурро ба “Азия-Плюс” ироа кард, аммо сабаби латукӯбро шарҳ надод. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар посух ба мактуби “Азия-Плюс” оид ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур гуфт, дар пайи ин қазия гурӯҳи кории Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия тафсилоти латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амурро ба “Азия-Плюс” ироа кард, аммо сабаби латукӯбро шарҳ надод.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар посух ба мактуби “Азия-Плюс” оид ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур гуфт, дар пайи ин қазия гурӯҳи кории Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ҷойи ҳодиса – шаҳри Хабаровск рафтаанд.

“Дар ҳошияи ин сафар кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ бо донишҷӯёни тоҷик ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд”, – омадааст дар пасух.

Ба иттилои Сафорат, дар ин ҳодиса 10 донишҷӯи Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур “ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд, вале ҳоло саломатиашон муътадил арзёбӣ мегардад”.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Консулгарии генералӣ ба донишҷӯёни осебдида “ҳамаи кӯмакҳои заруриро” расонидаанд.

Аммо Сафорат дар ҷавоб ба мактуби дуюми “Азия-Плюс” ҳам ҳозир нашуд, ки сабаби рух додани ин ҳодисаро шарҳ диҳад. Танҳо зикр мешавад, ки “ҳоло қазияи мазкур аз ҷониби кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор дорад. Сафорат барои ҳалли одилонаи қазияи мазкур дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари иқомат талош хоҳад варзид”.

То ин лаҳза, ҳеҷ як аз мақомоти Русия расман шарҳ надодааст, ки сабаби чунин бархӯрди хашин бо донишҷӯёни тоҷик чӣ аст.

Посухи мақомоти Русия ба мактубҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ то ҳол номаълум боқи мемонад.

Ёдовар мешавем, ки 23-юми майи соли дар бораи латукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск хабар интишор шуд.

Тибқи хабарҳои нашршуда, ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 19-уми май рух додааст ва он замон афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ” қабл аз оғози дарс ба хобгоҳ даромада, баъди хомӯш кардани камераҳои назоратӣ донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд.

Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, ки “низомиёни ниқобпӯш бо таппонча ва “электрошокер” мусаллаҳ буда, дар даст дастпӯшакҳои “кастетмонанд" доштаанд”, хабар медиҳад Телеграм-канали “Komsagram”.

“Агар касе, ки мепурсид, чаро онҳоро латукӯб мекунанд, мушти иловагӣ мехӯрд. Дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ буданд, аммо танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Баъд ҳамаро дар долони хобгоҳ қатор карда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳо шурӯъ карданд”, – афзудааст манбаъ.

Рӯзи 20-уми май донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия занг зада, кумак хостаанд.

“Вақте телефонҳои рӯзи ҷумъа мусодирашударо рӯзи шанбе ба мо баргардониданд, дарҳол ба сафорат занг задем. Аммо онҳо ба мо гуфтанд, ки имрӯз шанбе, рӯзи ғайрикорӣ аст ва рӯзи душанбе бо мо тамос хоҳанд гирифт. Аммо то ҳол касе ба мо тамос нагирифтааст”,-“Komsagram” аз донишҷӯ иқтибос овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, телефону ҳуҷҷатҳои донишҷӯёнро мусодира кардаанд. Шаш донишҷӯ аз Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, баъдтар раҳо шудаанд. Дар ҷараёни ин “рейд” 15 нафар захм бардоштаанд, ки ба гуфтаи манбаъ, бархе аз онҳо ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова хост, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.