15 сабабе, ки метавонад ба ихроҷи шумо аз Русия боис гардад

Чанде пеш ВКД Русия лоиҳаи қонун бо номгӯи васеъшудаи қонуншиканиҳои маъмуриро, ки барои содир намудани он шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ихроҷ шуда метавонанд, ба баррасии умум гузошт. Ихроҷ – маҷбурӣ аз ҳудуди кишвар берун рафтани шаҳрванди хориҷӣ аст. Дар муқоиса бо истирдод, ки дар он ҳам берун рафтан аз ҳудуди кишвар пешбинӣ шудааст, ихроҷ ба […]

Чанде пеш ВКД Русия лоиҳаи қонун бо номгӯи васеъшудаи қонуншиканиҳои маъмуриро, ки барои содир намудани он шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ихроҷ шуда метавонанд, ба баррасии умум гузошт.

Ихроҷ – маҷбурӣ аз ҳудуди кишвар берун рафтани шаҳрванди хориҷӣ аст. Дар муқоиса бо истирдод, ки дар он ҳам берун рафтан аз ҳудуди кишвар пешбинӣ шудааст, ихроҷ ба сифати ҷазои аз ҷониби суд таъингардида истифода мешавад.

Ихроҷ дар ҳолати содир намудани қонуншиканиҳои маъмурӣ сурат мегирад, аксар вақт барои риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират.

Маъмулан ихроҷ ҳамроҳ бо манъи вуруд ба муҳлати аз 1 сол то бемуҳлат истифода мешавад. Барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷират маъмулан се сол вуруд манъ мешавад.

Айни замон барои риоя накардани муқаррароти 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ихроҷ шаванд. Дар баъзе моддаҳо ихроҷ ҷазои ҳатмӣ буда, дар баъзе дигар ба салоҳдиди додгоҳ (суд) ё мақомоти ҳокимият вобаста мебошад.

Инак, шуморо ҳатман ихроҷ мекунанд, агар шумо чунин қонуншиканиҳо содир карда бошед:

– муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар (қ. 2 модд. 6.8);

– истеъмоли маводи нашъаовар бидуни таъиноти табиб (қ. 2 модд. 6.9);

– таблиғи муносибатҳои ғайримаъмулии ҷинсӣ ва ивази ҷинс (қ. 5-8 модд. 6.21);

– таблиғи муносибатҳои ғайримаъмулии ҷинсӣ ва ивази ҷинс байни ноболиғон (қ. 3 ва 4 модд. 6.21.2);

– таблиғи педофилия (бачабозӣ) (қ. 3 ва 4 модд. 6.21.1);

– вайрон кардаи қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош дар қаламрави он (қ. 1.1, 3.1, 4 ва 5 модд. 18.8);

– кори ғайриқонунӣ дар Русия (қ. 2 ва 3 модд. 18.10);

– ба таъхир андохтани ихроҷи пештар таъиншуда аз Русия (қ. 3 модд. 20.25).

Қонуншиканиҳое, ки барои он ихроҷ ҳатмӣ нест – ҳамаашро додгоҳ ҳал мекунад:

– риоя накардани реҷаи сарҳади давлатии Русия (қ. 2 модд. 18.1);

– риоя накардани реҷаи сарҳадӣ дар минтақаи сарҳад (қ. 1.1 модд. 18.2);

– вайрон кардани реҷа дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Русия (қ. 2 модд. 18.4);

– вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират (қ. 1 модд. 18.11);

– риоя накардани маҳдудиятҳо дар амалисозими баъзе навъҳои фаъолият (қ. 2 модд. 18.17).

Шуморо хориҷ мекунанд, агар шумо такроран чунин қонуншиканиҳоро содир карда бошед:

– вайрон кардани қоидаҳои будубош (ҳузур) дар Русия (модд. 18.9);

– риоя накардани муҳлати муроҷиат барои гирифтани патент (модд. 18.20).

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2024 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия навгониҳо пайдо шуданд, ки дар онҳо ҳолати ивази ихроҷ ба ҷарима ё корҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳолатҳо метавонанд чунин бошанд: иқомати тӯлонӣ дар Русия, вазъи оилавӣ ва доштани фарзандони ноболиғ, даромад ва хонаи хусусӣ доштан, саривақт пардохт намудани андозҳо, рафтори муносиб ба риояи қонунҳо ва ғайра.

Дар ин ҳолат, тақдири шумо ба қарори додгоҳ вобаста хоҳад буд. Додгоҳ ба ҳолатҳои мазкур бо назардошти салоҳдиди худ баҳо медиҳад.

Боз 20 модда

Мувофиқи лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД пешниҳодшуда, истифодаи ҷазои ихроҷ боз дар 20 моддаи КҲМ Русия пешниҳод мешавад.

Ба ин қонуншиканиҳо дохил мешаванд:

– итоат накардан ба супориши корманди пулис ё дигар сохторҳои қудратӣ;

– пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ҳангоми ба қайди муҳоҷират гузоштан;

– содир намудани ҷинояти майдаавбошӣ;

– ба таври оммавӣ нишон додани рамзу аломатҳои миллатгароӣ ё ифротгароӣ;

– оташфишонӣ аз силоҳ бо вайрон кардани қоидаҳо ё дар ҷойҳои мамнӯъ ба ин кор;

– даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ дар шабакаи Интернет ва ғайра.

Зимни ҳузур дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия, дар хотир доштани риояи меъёрҳои қонунгузории маҳаллӣ муҳим аст. Дар навбати аввал, ин ба масъалаҳои ба қайди муҳоҷират гузоштан, ҷойи қайд гирифтан, дарёфти иҷозаҳо барои кори қонунӣ ва риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ дахл дорад.

Риоя накардани қонунҳо натанҳо ба ихроҷу истирдод, балки боз ба ин ҳам бадтараш, манъи вуруд ба кишвар боис шуда метавонад. Дар ҳамин ҳол, дар ҳолатҳои муайян аз болои ин қарорҳо шикоят бурдан имкон дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.